Хабарҳои руз

Дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ боз як муассисаи томактабӣ бунёд мегардад

Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ва тадбирҳои ободониву созандагӣ, дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ бунёди як муассисаи томактабӣ ва синфхонаҳои ибтидоӣ идома дорад. Бо ин мақсад, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои таъмиру таҷдиди бинои пешбинишуда боздид ба амал овард.
Иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии фаъоли сокинон, дар заминаи бинои собиқи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 таъсиси муассисаи томактабӣ барои 80 кӯдак ва ҳамзамон 8 синфхона барои хонандагони зинаи ибтидоӣ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон ва беҳтар намудани дастрасӣ ба таҳсилоти ибтидоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зимни боздид, Равшан Раҳимзода бо сокинон ва шахсони масъул суҳбат намуда, ба рафти иҷрои корҳо баҳои мусбат дод. Мавсуф таъкид кард, ки саҳмгузории ҳар як сокин дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ муҳим буда, танҳо бо ҳамкории дастаҷамъона метавон ба рушди устувори деҳа ноил гардид.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки чунин ташаббусҳо дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, барои тарбияи насли босаводу соҳибмаърифат заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар маҷмӯъ, бунёди муассисаи томактабӣ ва синфхонаҳои ибтидоӣ дар деҳаи Похут қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 9

Leave a Reply

Back to top button