
Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дар мавзеи Дашти Шифити ноҳияи Айнӣ лоиҳаи таъмини оби полезӣ ва нӯшокӣ амалӣ гардида, ба истифода дода шуд.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва ташаббуси сокини деҳаи Рарз Бахтовар Раҷабов, барои 2 гектар замини корам ва 12 хоҷагии деҳа оби полезӣ ва нӯшокӣ таъмин гардид. Дар доираи ин иқдом, бо истифода аз қубурҳои пластикии диаметрашон 63 мм хатти об ба масофаи 4 километр кашида шуда, шароити мусоид барои истифодаи об фароҳам оварда шуд.
Дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, ба ташаббускор ва сокинони фаъол барои саҳми арзанда дар ободонии маҳал изҳори сипос кард.
Зимни суханронӣ, Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки чунин иқдомҳои созанда бо дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Мавсуф инчунин сокинонро ба истифодаи оқилонаи об, ҳифзи захираҳои табиӣ ва идомаи корҳои ободонӣ даъват намуд.
Қайд гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, сатҳи даромади аҳолӣ баланд бардошта шавад. Ҳамзамон, дастрасӣ ба оби нӯшокӣ барои як қатор хоҷагиҳо беҳтар гардида, шароити зиндагии сокинон боз ҳам беҳтар мегардад.
Дар маҷмӯъ, татбиқи лоиҳаи мазкур намунаи ҳамкории судманди мақомоти давлатӣ ва сокинон буда, дар самти рушди деҳот ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум қадами муҳим арзёбӣ мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ














