Хабарҳои руз

Идомаи сохтмони мактаб дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ

Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва рушди соҳаи маориф, дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо маром идома доранд. Дар ин замина, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ боздид намуда, бо рафти иҷрои онҳо аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол наздик ба 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша иншоот то моҳи апрели соли 2026 пурра ба истифода дода хоҳад шуд. Муассисаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, дар назди муассиса бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор иншооти ёрирасон, аз ҷумла майдони Парчами давлатӣ, биноҳои хоҷагии ёрирасон, системаи гармидиҳӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва майдончаи варзишӣ сохта мешаванд, ки барои фаъолияти босифати муассиса заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳа, Равшан Раҳимзода ба аҳамияти риояи сифат ва стандартҳои муосири сохтмонӣ таъкид намуда, ба масъулони соҳаи меъморӣ ва сохтмон дастур дод, ки корҳои бунёдиро суръат бахшида, онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.
Қайд гардид, ки бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар амалӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ, идомаи корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 нишондиҳандаи таваҷҷуҳи хосса ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии таълимӣ дар деҳоти ноҳияи Айнӣ мебошад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 7

Leave a Reply

Back to top button