Хабарҳои руз

Ҷараёни корҳои баҳорӣ дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ имрӯзҳо фазои ободониву созандагӣ ҳукмфармо буда, бо роҳбарии Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода корҳои баҳорӣ бо маром идома доранд. Сокинон ва сохторҳои маҳаллӣ бо рӯҳияи баланди меҳнатдӯстӣ ба корҳои саҳроӣ ва ободонӣ ҷалб гардида, барои пешрафти ноҳия саҳми назаррас мегузоранд.
Шинондани арчаҳои ҳамешасабз ва ниҳолҳои мевадиҳанда дар марказ ва ҷамоатҳои деҳот ба таври густурда роҳандозӣ гардида, ин иқдом ба зебоии муҳити зист ва беҳтар шудани вазъи экологӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон, кишти картошка ва дигар зироатҳо бо риояи қоидаҳои агротехникӣ идома дошта, деҳқонон барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош доранд.
Дар баробари ин, корҳои тозакунии муҳити зист, ҷамъоварии партовҳо ва ободонии маҳаллаҳо бо иштироки фаъолонаи сокинон амалӣ шуда истодаанд. Соҳилмустаҳкамкунӣ низ яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи заминҳои назди соҳил ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Инчунин, таъмири роҳҳо ва ҷӯйборҳо бо суръати хуб идома дошта, барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.
Умуман, дар ҳамаи деҳоти ноҳияи Айнӣ корҳои бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъат ёфта, сокинон бо ҳисси баланди масъулият дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 22
Смотреть статистику

48

6

Leave a Reply

Back to top button