
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо собиқадори меҳнат, модари намунавӣ ва нафари соҳибэҳтиром — Сабоҳат Зарифова мулоқоти самимӣ баргузор намуд. Сабоҳат Зарифова ҳамчун яке аз бонувони заҳматкашу намунавӣ дар ҷамъият мавқеи шоиста дошта, дар тарбияи фарзандони барӯманд ва содиқ ба Ватан саҳми арзанда гузоштааст.
Раиси ноҳия дар ҷараёни мулоқот аз хизматҳои арзандаи ин модари меҳнатдӯст қадрдонӣ намуда, зикр кард, ки чунин шахсиятҳои фидоии ҷомеа ҳамеша сазовори эҳтиром ва таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат мебошанд.
Дар ин маврид иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шуд:
«Мову шумо бояд ҳамеша қадри заҳмати падару модаронро донему онҳоро ҳамчун сарчашмаи меҳру муҳаббат, покӣ ва раҳнамоёни роҳи зиндагӣ ҳурмату эҳтиром намоем.»
Собиқадори меҳнат Сабоҳат Зарифова барои таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки дастгирии модарону собиқадорон нишони ғамхории давлат дар самти баланд бардоштани мақому манзалати оила ва тарбияи насли наврас мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ин равандро идома дода, ба масъалаи дастгирии собиқадорон, эҳтироми калонсолон ва тарғиби арзишҳои оиладорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 2









