
Ҳамасола 5-уми декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Мақсуд Шукуров ҳамоиши ҷашнӣ бо иштироки волонтёрон, гирандагони стипендияҳо, омӯзгорон ва волидони онҳо баргузор шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ, Равшан Раҳимзода, ҳамоишро ифтитоҳ намуда, дар бораи нақши волонтёрон дар ҳаёти ҷомеа, саҳми онҳо дар рушду пешрафти ноҳия ва аҳамияти тарбияи ҷавонони фаъолу бедордил суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки волонтёрон дар чорабиниҳои гуногуни иҷтимоӣ, маърифатӣ, экологӣ ва варзишӣ иштироки фаъолона доранд ва бо амали нек ва корҳои созандаи худ ба дигар ҷавонон намуна мебошанд.
Дар суханронии раиси ноҳия таъкид шуд, ки 115 нафар гирандагони стипендияҳои сатҳи гуногун дар ноҳияи Айнӣ фаъолият доранд: 30 нафар соҳибони Стипендияи Президентӣ, 70 нафар гирандагони Стипендияи раиси ноҳия ва 15 нафар гирандагони Стипендияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиш. Ҳамзамон, аксари онҳо дар баробари таҳсил ва пешрафтҳои илмӣ ба ҳайси волонтёрон фаъолияти ҷамъиятӣ доранд.
Раиси ноҳия ба мақому манзалати соҳибилмон ва ҷавонони лаёқатманд арҷ гузошта, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Ӯ таъкид намуд, ки ҷавонон бояд дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро тақвият бахшанд, зеро ояндаи миллат ба заҳмати онҳо вобаста аст.
Дар идома қайд гардид, ки волонтёрон ҳамчун нерӯи фаъоли ҷомеа дар баргузории чорабиниҳои давлатӣ, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, корҳои ободонӣ ва барномаҳои маърифатию фарҳангӣ саҳми назаррас доранд. Раиси ноҳия аз онҳо даъват кард, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар рушду нумӯи ҷомеа бештар фаъол бошанд.
Ҳамчунин, Равшан Раҳимзода ба туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Шоҳнома» — ишора намуда, аҳамияти он барои таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар миёни ҷавононро махсус зикр кард.
Волонтёрон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври зинда иҷро намуда, эҳтироми амиқи худро ба рамзҳои давлатӣ ва Ватан иброз доштанд.
Раиси ноҳия ҷавононро ба иштироки фаъол дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳидоят карда, таъкид намуд, ки онҳо бояд идомадиҳандаи мероси бузургони миллат — Рӯдакӣ, Берунӣ, Сино, Фирдавсӣ, Мавлоно ва дигар мутафаккирон бошанд. Ӯ онҳоро ба зиракии сиёсӣ, ахлоқи нек, инсондӯстӣ, ва эҳтироми падару модар даъват намуд. Ба таъкиди ӯ, Пешвои миллат барои ҷавонон падари маънавӣ буда, панду ҳикмати эшон бояд ҳамчун роҳнамои зиндагӣ қабул гардад.
Дар ҳамоиш инчунин аз дастоварди ихтироъкори ҷавони ноҳияи Айнӣ ёдовар шуданд, ки барои ихтирои усули содатари ҷудокунии тилло аз маъдан ба ӯ аз ҷониби як ширкати хориҷӣ 40 ҳазор доллар пешниҳод шудааст. Раиси ноҳия ин дастоварди илмиро фахри миллати тоҷик номид.
Абдушукур Хокирозода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дар суханронии худ ба пешрафтҳои солҳои охир ва вазъи зиндагии имрӯзаи мардум муқоиса намуда, таъкид кард, ки фарзандони Тоҷикистон имрӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ба зиндагии шоиста ва шароити беҳтар дастрасӣ доранд.
Дар анҷом, раиси ноҳия ба омӯзгорон ва волидон изҳори сипос намуда, аз қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Ӯ даъват кард, ки волидон фарзандони худро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва фаъолиятҳои созанда — аз ҷумла волонтёрӣ — тарбия намоянд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 26









