Хабарҳои руз

Обёрии заминҳо дар деҳаи Рарз

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, иҷрои нақшаҳои соҳаи кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав, азхудкунии заминҳои иловагӣ ва ба гардиши кишт даровардани онҳо аз заминҳои Ҷамоати деҳоти Рарз боздид ба амал овард. Бояд қайд кард, ки Ҷамоати деҳоти Рарз аз ҷиҳати иқтидори кишоварзӣ яке аз минтақаҳои беҳтарин ва дорои хоки серҳосил дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба шумор меравад. Ҳосили серобу босифат ҳам аз заминҳои корам ва ҳам аз боғҳои суннативу интенсивӣ ба даст оварда мешавад.
Бо ибтикори МИҲД-и ноҳия дар соли оянда танҳо дар деҳаи Рарз зиёда аз 300 гектар замин обёрӣ гардида, ба гардиши кишт ворид карда мешавад. Айни ҳол ба заминҳои корам ва эҳдошаванда зиёда аз 9,5 километр об оварда шуда истодааст. Об тавассути қубурҳои пластикӣ —4 километр ба маркази деҳа ва 5,5 километр ба минтақаи баландии деҳа интиқол меёбад. Ҳоло корҳои кашидани хатти об аз Тагоби Мазор босуръат идома дошта, баъди анҷоми он сокинон омодаанд бо роҳи ҳашар оби сойро низ тавассути қубурҳои пластикӣ ба деҳа таъмин намоянд.
Калонтарин ҳавзи деҳа бо дастгирии МИҲД-и ноҳия таъмир шуда истодааст, ки 2700 метри мукааб ғунҷоиши об дошта, пас аз ба ҳавз расидани об, он имконият медиҳад дар як вақт 60 гектар заминро бо об таъмин намояд.
Дар ҷараёни боздид Раиси ноҳия бо сокинон суҳбат анҷом дода, онҳоро ба саҳми фаъолона дар ободонии деҳа, баҳрабардории дуруст аз имкониятҳои мавҷуда, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин ва расидан ба зиндагии шоиста ҳидоят намуд.
Ҳамзамон Раиси ноҳия таъкид кард, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири кишоварзӣ равона шудааст.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки «Замин асоси зиндагист ва истифодаи оқилонаю самараноки он кафолати рушди иқтисодӣ мебошад». Бо ин мақсад, зарур аст, ки кишоварзон усулҳои замонавии инноватсиониро дар кишту нигоҳубини зироатҳо татбиқ намуда, ҳар гектарро ба манбаи истеҳсоли маҳсулоти босифат табдил диҳанд.
Бо дарназардошти иқтидори ҷуғрофӣ ва иқлимии ҷамоати Рарз, рушди боғҳои интенсивӣ, васеъ кардани масоҳати ғалладонагӣ, сабзавоткорӣ, донагӣ ва инчунин ба роҳ мондани хоҷагиҳои намунавӣ иқдоми муҳиме дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия хоҳад буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ барои дастгирии кишоварзон, беҳтарсозии инфрасохтори обёрӣ, зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 19

Leave a Reply

Back to top button