
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои Похут ва Сайрон дидан карда, бо омӯзгорон ва хонандагон мулоқот намуд.
Дар суҳбатҳо Раиси ноҳия ба аҳамияти баланд бардоштани сифати таълим, омодагии хонандагон ба озмунҳо, истифодаи технологияи муосир дар машғулиятҳо ва нақши омӯзгор дар тарбияи насли соҳибмаърифат ишора кард.
Ҳамчунин ба хонандагон барои дӯст доштани китоб, саъю кӯшиш дар таҳсил ва саҳм гузоштан дар рушди ояндаи ноҳия тавсияҳо дода шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 14









