
Равшан Раҳимзода, -Раиси ноҳияи Айнӣ аз рафти таъмиру таҷдиди бино барои муассисаи томактабӣ ва синфхонаҳои ибтидоӣ дар деҳаи Похут боздид кард.
Бо ташаббуси МИҲД-и ноҳия ва дастгирии сокинон дар бинои собиқи МТМУ-и №7 боғча барои 80 кӯдак ва 8 синфхона барои хонандагони ибтидоӣ ба роҳ монда мешавад.
Корҳо ба таври ҳашарӣ идома доранд ва баъди анҷоми таъмири боғча, корҳо барои синфхонаҳои ибтидоӣ низ оғоз меёбанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки бояд ҳар як шаҳрванд дар пешрафту ободонии деҳа саҳм гузорад, зеро ободӣ кори дастаҷамъӣ буда, рушди диёр ба иштироки сокинон вобаста аст.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 12









