масъалаҳои мубрам

Пешвози ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст» дар ноҳияи Айнӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст», собиқ омӯзгор ва роҳбари маҳфили «Китобдӯстон»-и назди МТМУ №16, сокини деҳаи Шаватки Болои Ҷамоати деҳоти Рарз – Холмирзоев Шарифмурод бо эҳтирому ифтихори хоса пешвоз гирифта шуд.
Холмирзоев Шарифмурод, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият намуда, садҳо шогирдро ба воя расондааст, имрӯз низ тавассути маҳфили «Китобдӯстон» дар зеҳни наврасон муҳаббат ба китоб ва илмро таҳким мебахшад. Ӯ бо дастовардҳои шоёни худ дар давраҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмун ифтихори ноҳияро дар сатҳи мамлакат боло бардошт.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар паёми табрикотии худ ба ғолиб иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст” яке аз муҳимтарин иқдомҳои Роҳбарияти Олии кишвар дар ташаккули ҷомеаи мутолиакунанда, болаёқат ва созанда мебошад. Ғолибияти Шумо далели заҳмати сидқан, меҳру муҳаббати беандоза ба китоб ва саъю талоши пайваста дар роҳи маърифат аст. Шумо намунаи инсони донишҷӯю донишманд ва омӯзгори садоқатманд барои насли имрӯз мебошед. Муовофиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, мо минбаъд низ барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва дастгирии ҷавонони болаёқат тамоми шароитро муҳайё хоҳем кард. Ба Шумо комёбиҳои нав ва муваффақиятҳои бештар орзумандам.
Гуфта шуд, ки дастоварди Холмирзоев Шарифмурод на танҳо комёбии як шахс, балки нуфузи тамоми омӯзгорони ноҳия, ҷамоати деҳоти Рарз ва муассисаи таълимии №16 мебошад. Ин мушаххасан далелест, ки неруи зеҳнии сокинони ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ эътироф мегардад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button