Хабарҳои руз

Мавсими заршӯӣ дар соҳили дарёи Зарафшон дар ноҳияи Айнӣ идома дорад

Имрӯзҳо мавсими заршӯӣ дар водии Зарафшон, бахусус дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, бо шиддат идома ёфта, теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ин шуғли ниёгон машғул мебошанд. Агар дар гузашта заршӯӣ яке аз пешаҳои мушкил ва заҳматталаб шумурда мешуд, имрӯз бо шарофати истифодаи техникаҳои пурқудрат, таҷҳизоти муосир ва беҳтар гардидани шароити ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба таври озод, қонунманд ва самаранок ба истихроҷи тилло машғул шаванд.
Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2019 бо қарори №600 “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ба усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” ба ин намуди фаъолият расман иҷозат дод. Қабули чунин қарор роҳи қонунигардонии корбарии тиллошӯён, рушди соҳибкории хурд, таъмини манбаи даромади устувори шаҳрвандон ва афзун гардондани даромади буҷети давлатӣ гардид.
Дар асоси талаботи қонунҳои амалкунанда — “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” ва “Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо”, фаъолияти шаҳрвандон дар ин самт ба танзим даромада, ҳоло ҳар як шахси хоҳишманд бо гирифтани иҷозатнома метавонад ба истихроҷи худфаъолонаи тилло машғул шавад.
Масъулони МИҲД-и ноҳияи Айнӣ аз рафти корҳо дар соҳили дарёи Зарафшон боздид намуда, бо заршӯён суҳбат анҷом доданд. Тибқи иттилои худи заршӯён, онҳо дар як рӯз ба ҳисоби миёна аз 0,5 грамм то 1 грамм ва бо истифода аз техникаҳои қудратманд аз он ҳам зиёдтар тиллорезаҳоро ба даст меоранд, ки барои онҳо манбаи муҳими даромади рӯзгор маҳсуб меёбад.
Айни ҳол, тибқи маълумоти Раёсати ноҳиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1872 нафар шаҳрванд ҳамчун заршӯй ба қайд гирифта шудаанд. Гуфта мешавад, ки теъдоди хоҳишмандон барои машғул шудан ба ин фаъолият рӯ ба афзоиш дошта, ҳамасола ин соҳа аҳамияти бештар касб мекунад.
Заршӯён асосан дар он мавзеъҳое кор мекунанд, ки ҷараёни об суръати баланд дошта, баъдан дар нуқтаҳои муайян суст мегардад. Тибқи маълумоти мутахассисон, маҳз дар чунин ҷойҳо зарраҳои тилло бо сабаби вазни нисбатан сангин дар қаъри дарё ҷамъ мешаванд. Бинобар ин, ҷазирачаҳои табиӣ, печутобҳои дарё ва соҳилҳои пасту ҳамвор барои ҷустуҷӯи тиллореза мувофиқ шуморида мешаванд. Ин кор, ки барои як нафар мушкил аст, одатан ба таври гурӯҳӣ — аз ду то се нафар — анҷом дода мешавад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо заршӯён таъкид намуд, ки заршӯӣ яке аз шуғлҳои пурмаҳсул буда, ба беҳбуди вазъи иқтисодии оилаҳо ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад. Дастгирии давлат ва қонунигардонии ин фаъолият ба он шароит фароҳам овард, ки ҳар як шаҳрванд тавонад бо заҳмати ҳалоли худ манбаи даромад пайдо намояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ минбаъд низ ҷараёни кору фаъолияти заршӯёнро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор назорат карда, барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 20

Leave a Reply

Back to top button