
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ корҳои ободонию созандагӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маром идома доранд. Ҳадафи МИҲД- и ноҳия ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон, беҳтарсозии инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоӣ мебошад.
Дар доираи ин амалҳои созанда дар деҳаи Вешканди Ҷамоати деҳоти Урметан корҳои таъмиру бунёдкорӣ густариш ёфта, айни замон беш аз 300 метр роҳ бо паҳноии 2 то 3,5 метр бетонпӯш карда шуда истодааст. Татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳои дохили деҳа барои беҳсозии ҳаракат, дастрасии аҳолӣ ба маркази ҷамоат ва ноҳия фароҳам овардани шароити мусоид ба нақлиёт мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, барои таъмини босуботи оби нӯшокӣ ва истифодаи сарфакоронаи он сокинони деҳа бо ҳамкории мақомоти маҳаллӣ аз қуттиҳои хурду калонҳаҷми обҷамъкунӣ, қубурҳои пластмасӣ ва дигар инфрасохтор истифода бурда, корҳои муҳиму заруриро дар ин самт амалӣ намуда истодаанд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардида, талафоти он коҳиш ёбад.
Бо дастгирии МИҲД-и ноҳия дар деҳа ҳамчунин корҳои таъмиру таҷдиди клуби фарҳангӣ босуръат идома доранд. Иншооти мазкур пас аз навсозӣ ба ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯриҳо ва маҳфилҳои муфид барои ҷавонону калонсолон шароити муносиб фароҳам хоҳад овард. Китобхонаи деҳа низ мутобиқ ба талаботи замони муосир таҷдиду таҷҳизонида шуда истодааст, ки барои рушди зеҳнӣ ва баланд бардоштани завқи китобхонии аҳолӣ аҳамияти хос дорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии клуб, роҳҳои дохилии деҳа, аз ҷумла роҳи гузари Миёнаангори деҳаи Вешканд боздид намуда, бо масъулон ва роҳсозон суҳбат анҷом дод. Зимни мулоқот бо сокинони деҳа Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ ҳамчун ҷавобгарии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд пайваста идома ёбанд. Бо иштироки фаъолонаи ҷомеа ва дастгирии давлат мо метавонем ободии ҳар як гӯшаи ноҳияро таъмин намоем.
Сокинон бо изҳори миннатдорӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия изҳор доштанд, ки корҳои бунёдкорӣ рӯз аз рӯз зиндагии онҳоро беҳтар намуда, барои рушди деҳа шароити мусоид фароҳам меорад.
Корҳои ободонӣ дар деҳаи Вешканд ва дигар манотиқи ноҳия дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ идома дошта, ҷараёни иҷрои онҳо зери назорати бевоситаи роҳбарияти ноҳия қарор дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 7









