Хабарҳои руз

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ҶУМҲУРӢ» ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Бо мақсади таъмини иштироки фарогири ҷомеа дар шарҳу тавзеҳи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, дар ноҳияи Айнӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баргузор гардид.
Тамошои дастаҷамъона дар толорҳои муассисаҳои фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳо бо иштироки роҳбарон ва кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони мақомоти қудратӣ, фаъолон, зиёиён ва сокинони ноҳия сурат гирифт.
Иштирокчиён Паёми Президенти кишварро бо таваҷҷуҳи хоса пайгирӣ намуда, нуктаҳои муҳими он, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини амнияти миллӣ, сиёсати иҷтимоӣ, дастгирии ҷавонон ва занон, саноатикунонии босуръати кишвар, рушди деҳот ва инфрасохтор, инчунин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Зимни тамошо ва пас аз анҷоми Паём аз ҷониби масъулин ва фаъолони ноҳия муҳтавои он шарҳу тавзеҳ дода шуда, таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи тамоми сохторҳо ва ҷомеа аҳамияти бузург дорад. Иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва иҷрои ҳадафҳои дар Паём зикршуда изҳор намуданд.
Қайд гардид, ки тамошои дастаҷамъонаи Паёми Сарвари давлат ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъол гардидани ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат мусоидат намуда, заминаи мусоиди ҳамкории ҳамаи қишрҳои ҷомеаро барои рушди минбаъдаи ноҳияи Айнӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад.
Дар фарҷом иштирокчиён иброз доштанд, ки зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми кишвар минбаъд низ бо иттиҳоду ҳамбастагӣ барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини зиндагии шоиста ва рушди устувори Ватан саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 36

Leave a Reply

Back to top button