
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба муносибати иди касбӣ – Рӯзи кормандони соҳаи энергетика самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ ва комёбиҳои рӯзафзун дар фаъолияти пурмасъули касбӣ таманно менамоям.
Соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидӣ ва тақдирсози иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он самараи заҳмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва касбияти баланди кормандони соҳа мебошад. Маҳз бо талошҳои пайвастаи Шумо чароғи хонаҳо фурӯзон, корхонаҳо фаъол ва сатҳи зиндагии мардум боло меравад.
Кормандони соҳаи энергетика бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Меҳнати шабонарӯзии онҳо на танҳо имрӯз, балки ба ояндаи дурахшони кишвар хизмат намуда, сазовори эҳтиром ва қадршиносии ҳамешагӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетикаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Дар ин замина, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян гардида, баъдан саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон шуд.
Дар солҳои охир ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, танҳо дар даҳ соли гузашта беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ ба андозаи 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои офтобӣ ва марҳила ба марҳила ба истифода додани иқтидорҳои нави НБО «Роғун» идома дорад.
Бо дарназардошти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва имкониятҳои фаровони истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дурнамои васеи рушди соҳаи энергетика мебошад. Дар ин раванд саҳми кормандони соҳа ҳалкунанда арзёбӣ мегардад.
Бори дигар ҳамаи кормандони соҳаи энергетикаро ба муносибати иди касбӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, бароятон саломатӣ, умри дароз, неруи бемайлон ва муваффақиятҳои нав ба нав орзумандам.
Рӯзи кормандони соҳаи энергетика муборак бод!
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ











