
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ таҳти раёсати Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода маҷлиси навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, инчунин намояндагони ташкилоту муассисаҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар маҷлис як қатор масъалаҳои муҳим ва мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Нахуст, масъалаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, таъкид гардид, ки ин намуди дастгирӣ бояд ба шахсону оилаҳои воқеан ниёзманд, шаффоф ва тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ расонида шавад. Ба масъулон супориш дода шуд, ки ҷараёни муайянсозӣ ва тақсими кумакҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Дар идома, тайёрӣ ба пешвози Соли нави мелодӣ ва масъалаҳои марбут ба зимистонгузаронӣ баррасӣ шуданд. Раиси ноҳия ба роҳбарони сохторҳо дастур дод, ки барои фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо ва кӯдакистонҳо дар фасли сармо шароити мусоид фароҳам оварда шавад, захираи кофии маводи сӯхт ва озуқа таъмин гардад.
Ба масъалаи самаранок истифода бурдани қувваи неруи барқ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ тақвият ёфта, ҳолатҳои исрофкорӣ пешгирӣ карда шаванд. Масъулон вазифадор шуданд, ки ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини тозагӣ ва ободонӣ, дар сатҳи зарурӣ нигоҳдории роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, бахусус дар мавсими сармо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба хадамоти дахлдор супориш дода шуд, ки корҳои тоза нигоҳ доштани роҳҳо, бартарафсозии саривақтии барф ва таъмини бехатарии ҳаракатро мунтазам ба роҳ монанд.
Дар маҷлис масъалаи назорати раванди сохтмон ва бунёдкориҳо дар фасли сармо низ муҳокима гардида, таъкид шуд, ки сифати корҳои сохтмонӣ бояд дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, талаботи меъёрҳои техникӣ пурра риоя карда шаванд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар — обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ буд. Раиси ноҳия зарур шуморид, ки роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳо ҷиҳати боло бурдани маърифати сиёсӣ ва иттилоотии кормандон ба масъалаи обуна таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, масъалаи таъмини ҷойи кор барои занҳо баррасӣ гардида, ба масъулон супориш дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, рушди соҳибкории занон бо дарназардошти тақвияти ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занҳо ба фаъолияти иқтисодӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар фарҷом, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз роҳбарон талаб намуд, ки иҷрои супоришҳои додашуда таҳти назорати доимӣ қарор дошта, натиҷаҳои кор дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод карда шаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 10










