Хабарҳои руз

Ҷаласаи фаъолияти Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда

Таҳти раёсати Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҷаласаи фаъолияти Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷаласа Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ подполковник Ҳикматулло Иброҳимзода, аъзоёни комиссияи ҳудудии МИҲД-и ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки бо мақсади ташаккули сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсози низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият мекунад.
Қайд гардид, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссия баланд бардоштани устувории фаъолияти иншооти иқтисодии мамлакат, инчунин омодагии тамоми зинаҳои мақомоти идоравӣ барои амалиёти фаврӣ ва самаранок дар ҳолатҳои фавқулодда, ки дар натиҷаи садамаю фалокат ва офатҳои табиию экологӣ ба амал меоянд, мебошад.
Дар идома таъкид шуд, ки бо назардошти ин масъалаҳо ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти комиссия доир ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, вусъат додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ ва таъмири иншооти муҳофизатӣ (паногоҳҳо) мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад ва барои иҷрои онҳо чораҳои дахлдор андешида хоҳанд шуд.
Сипас, сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Айнӣ подполковник Ҳикматулло Иброҳимзода оид ба фаъолияти бахш ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, натиҷаҳо ва масъалаҳои ҳалталабро мавриди таҳлил қарор дод.
Дар поёни ҷаласа пас аз муҳокимаҳо ва пешниҳоди аъзоён, барои амалӣ гардонидани вазифаҳои дарпешистода ба ҳайати комиссия як қатор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 8

Leave a Reply

Back to top button