Хабарҳои руз

Таҷлили Рӯзи кормандони энергетика дар ноҳияи Айнӣ

Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар баромади худ кормандони соҳаи энергетикаро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, рӯзгори обод, хушбахтии оилавӣ ва комёбиҳои рӯзафзун дар фаъолияти пурмасъули касбӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки соҳаи энергетика яке аз бахшҳои калидӣ ва тақдирсози иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он самараи заҳмати содиқона, масъулиятшиносӣ ва касбияти баланди кормандони соҳа мебошад. Бо талошҳои пайвастаи онҳо чароғи хонаҳо фурӯзон, корхонаҳо фаъол ва сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Таъкид шуд, ки кормандони соҳаи энергетика бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ дар таъмини амнияти энергетикии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Меҳнати шабонарӯзии онҳо на танҳо ба имрӯз, балки ба ояндаи дурахшони мамлакат хизмат менамояд.
Раиси ноҳия ҳамчунин иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетикаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст. Дар ин замина, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ пазируфта шуда, баъдан саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.
Дар фарҷом Раиси ноҳия ҳамаи кормандони соҳаи энергетикаро ба муносибати иди касбӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз, неруи бемайлон ва муваффақиятҳои нав ба нав орзу намуд.
Дар охир як қатор кормандони фаъоли соҳа бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
и ещё 10

Leave a Reply

Back to top button