Муовинони Раис

Муовини Раиси ноҳия

Раҳимзода  Рӯзибой  Маҳмадёр

 

*аз феврали  соли 2023  муовини Раиси ноҳияи Айнӣ  кор мекунад.
*Соли таваллуд  16  январи соли 1983
*Ҷои таваллуд  ноҳияи Айнӣ
*Миллат     тоҷик       
аҳсилот      Олӣ
 *соли  2005   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро  хатм кардааст
*Ихтисос  иктисодчӣ
*Унвони илмӣ унвонҷуй ‍(соискатель)
*Кадом забонҳои хориҷиро  медонад   русӣ, олмонӣ, англисӣ
*Вакили  ҳаст ё не;  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати VI)
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?   Не
*Вазъи оилавӣ  оиладор
*Суроға       ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Зарафшон
*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои  2001-2005 Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2007 Муҳосиби шуъбаи муҳосиботи муассисаи давлатии  «Агентии обуҳавошиносӣ»‍
Аз 04-  2007 то 10-2007 Омӯзиши Курси “Менеҷменти аграрӣ” дар Ҷумҳурии  Федеративии Олмон
Солҳои 2007-2008 Мутахассиси пешбари Раёсати илм ва сиёсати кадрии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008 – 2010 Муҳосиб- хазинадор дар Лоиҳаи хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон
Солҳои 2010-2011 Сармутахассис оиди молия дар маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои  ирригатсионии назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2013 Муҳосиби калон дар Филиали Ширкати саҳомии “Innovative Road Solution LTD” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2015 Раиси Раёсати хоҷагии зотпарварии ба номи Раҳим Аслиддинов, ноҳияи Айнӣ
Солҳои 2015-2017 ‍Раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб
Cолҳои 2017-2020 Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ
Соли 2020-2023

Аз феврали соли 2023

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

 

Муовини раиси ноҳияи Айнӣ

Муовини аввали Раиси шаҳр

Хайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Хайрулло Ғайбуллозода 18-уми июли соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 баъди хатми мактаби миёна ба Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси муҳандис- технологи матоъ ва кешбофӣ хатм кардааст.

Солҳои 1998-2002  дар факултаи ҳукқуқшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ гардидаат. Вай ҳамчунин дастпарвари Академияи хизматчии давлатии Федератсияи Русия ва аспиранти ДДҲБСТ низ мебошад.

Хайрулло Ғайбуллозода фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 дар комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба сифати ёрдамчии усто оғоз намуда, соли 1993 тариқи гузариш ба корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ба кор мегузарад. Дар ин муассиса аз коргари оддӣ то ба дараҷаи директори генералии коргоҳ фаъолият бурдааст.

Аз соли 2009 ба сифати муовини директори ҶДММ «Текстил-Сити» фаъолият бурда, минбаъд аз соли 2010 то соли 2015 сарварии КВД «Садаф»-ро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2015 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини сардори ширкати молиявӣ- қарздиҳии хурди «Хубҷамъ» буд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Back to top button