Муовинони Раис
Муовини Раиси ноҳия
Раҳимзода Рӯзибой Маҳмадёр
*аз феврали соли 2023 муовини Раиси ноҳияи Айнӣ кор мекунад.
*Соли таваллуд 16 январи соли 1983
*Ҷои таваллуд ноҳияи Айнӣ
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот Олӣ
*соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст
*Ихтисос иктисодчӣ
*Унвони илмӣ унвонҷуй (соискатель)
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, олмонӣ, англисӣ
*Вакили ҳаст ё не; вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати VI)
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не? Не
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Зарафшон
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2001-2005 | Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон |
Солҳои 2005-2007 | Муҳосиби шуъбаи муҳосиботи муассисаи давлатии «Агентии обуҳавошиносӣ» |
Аз 04- 2007 то 10-2007 | Омӯзиши Курси “Менеҷменти аграрӣ” дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон |
Солҳои 2007-2008 | Мутахассиси пешбари Раёсати илм ва сиёсати кадрии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2008 – 2010 | Муҳосиб- хазинадор дар Лоиҳаи хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон |
Солҳои 2010-2011 | Сармутахассис оиди молия дар маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионии назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2013 | Муҳосиби калон дар Филиали Ширкати саҳомии “Innovative Road Solution LTD” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2013-2015 | Раиси Раёсати хоҷагии зотпарварии ба номи Раҳим Аслиддинов, ноҳияи Айнӣ |
Солҳои 2015-2017 | Раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб |
Cолҳои 2017-2020 | Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ |
Соли 2020-2023
Аз феврали соли 2023 |
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ
Муовини раиси ноҳияи Айнӣ |
Муовини аввали Раиси шаҳр
Хайрулло Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Хайрулло Ғайбуллозода 18-уми июли соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 баъди хатми мактаби миёна ба Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси муҳандис- технологи матоъ ва кешбофӣ хатм кардааст.
Солҳои 1998-2002 дар факултаи ҳукқуқшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ гардидаат. Вай ҳамчунин дастпарвари Академияи хизматчии давлатии Федератсияи Русия ва аспиранти ДДҲБСТ низ мебошад.
Хайрулло Ғайбуллозода фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 дар комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба сифати ёрдамчии усто оғоз намуда, соли 1993 тариқи гузариш ба корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ба кор мегузарад. Дар ин муассиса аз коргари оддӣ то ба дараҷаи директори генералии коргоҳ фаъолият бурдааст.
Аз соли 2009 ба сифати муовини директори ҶДММ «Текстил-Сити» фаъолият бурда, минбаъд аз соли 2010 то соли 2015 сарварии КВД «Садаф»-ро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2015 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини сардори ширкати молиявӣ- қарздиҳии хурди «Хубҷамъ» буд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.