Санаи 17-уми май Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти ободониҳо дар маркази ноҳияи Айнӣ боздид ба амал овард.
Муқим Муродзода бо фаъолони деҳаи Айнӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рафти корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат намуд.
Гуфта шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҳама деҳоти ноҳия айни замон корҳои бунёдкорӣ бомаром идома дошта, рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа боиси хушнудӣ ва сарфарозии аҳли ҷомеа гашта истодааст.
Бо супориши Раиси ноҳия масъулон муваззаф гардиданд, ки гирду атрофи Манораи Варзро таъмиру таҷдид намоянд. Манораи Варз аз беҳтарин ва маъмултарин намунаҳои санъати меъморӣ дар кӯҳистони Тоҷикистон буда, ҳамчун ёдгории наҷиб аз Суғди қадим ба наслҳои имрӯзаи тоҷик мерос боқӣ мондааст. Аз ин лиҳоз ҳамарӯза аз ин манора – ёдгории таърихие, ки умри зиёда аз ҳазорсола дорад, садҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан менамоянд.
Масъулон ва дигар фаъолон дар навбати худ Раиси ноҳияро бовар кунониданд, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ободонии диёр саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Раиси ноҳия бо сохтмончиён ва дигар масъулон сӯҳбат намуда, вобаста ба бо сифати аъло ва сари вақт анҷом додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод.