Бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми қаламрави кишвар маъракаи умумимиллии дав барои солимӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад.
Вобаста ба ин субҳи имрӯз, 19-уми майи соли 2024 бо иштироки Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар маркази ноҳияи Айнӣ маъракаи Марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ баргузор карда шуд.
Маърака аз соати 7:00 шурӯъ гардида, хурду бузург аз назди МТМУ-и № 46 то назди бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳия дар он фаъолона ширкат варзиданд. Масофаи “Дави миллӣ” ва марафони “Велосипелронӣ” зиёда аз 3 километрро дарбар гирифта, иштирокчиён аз Дашти Сангистон тавассути роҳи асосӣ то маркази ноҳия байни ҳам сабқат намуданд.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш ва ҷалби ҷомеа ба таҳкими дӯстӣ ва ваҳдати саросарӣ, имрўз сокинони ноҳия низ бо рӯҳбаландӣ дар ин чорабинии умумиҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд.
Маъракаи велосипедронӣ ва дави миллӣ ин яке аз омилҳои оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст. Дар баробари ин маъракаи мазкур баҳри инкишофи варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва таъмини ширкати ҷавонони мамлакат дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар урфият мегўянд, рўҳи солим дар ҷисми солим аст. Агар мо дар асоси ин ҳикмат амал намоем ва варзишро ҳамчун омили беҳтарини тандурустӣ ва солимии аъзои ҷомеа шуморем, албатта ба ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат, суботу устуворӣ ва сарсабзиву шукуфоии кишвари азизамон расида метавонем.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуда, дар интиҳо ғолибон бо диплому сипосномаю ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ