Хабарҳои руз

Тақвияти корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” дар деҳаи Вешканд

Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 9–11, дар деҳаи Вешканд-и Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мушовири шуъбаи маориф Анӯшервон Норзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Фархунда Фурқатӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон Шарифзода Абдуваҳҳоб, ва муовини роҳбари КАТС-и ноҳия Шониёзов Асадҷон ширкат варзиданд.
Мақсади асосии мулоқот баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, пешбурди маърифати сиёсӣ, вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, инчунин таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ дар миёни сокинон арзёбӣ гардид.
Зимни суханрониҳо масъулин ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра — аз қабили риояи арзишҳои миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ, арҷгузорӣ ба сару либоси миллӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ, захираи саривақтии маводи ғизоӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ, инчунин омӯзиши мӯҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд.
Таъкид гардид, ки ҳар як падару модар бояд масъулияти волидонаро дарк намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба камол расонад. Ҳамчунин, пешгирии бармаҳал оиладоршавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии рӯз дониста шуд.
Бо назардошти таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ, масъулин сокинонро бо ин санаҳои муҳими миллӣ табрик намуда, нақши омӯзгорро дар рушди ҷомеа ва боло бурдани сатҳи маърифат калидӣ арзёбӣ карданд. Қайд гардид, ки забон пояи давлатдорӣ ва рамзи ҳастии миллат буда, ҳифз ва гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Дар қисмати саволу ҷавоб сокинон андешаву пешниҳодҳои худро иброз намуда, ба саволҳояшон посухҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ҷамъбаст гардида, зикр шуд, ки чунин чорабиниҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ идома меёбанд ва ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button