
Санаи 14-уми октябри соли 2025 дар толори калони маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳияи Айнӣ муҳтарам Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табассум Азиззода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардухтурони беморхонаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сархатиби ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа иштирок намуданд.
Муовини якуми раиси ноҳия Суҳроб Раҳматзода доир ба масъалаи рӯзномаи маҷлис – “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2025” маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Баъдан, раиси ноҳия Равшан Раҳимзода фаъолияти тамоми соҳаҳоро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз роҳбарони сохтору муассисаҳо ва шахсони масъул оид ба дастовардҳо, мушкилот ва бурду бохти нуҳмоҳаи соҳаҳои дахлдори онҳо пурсиш ба амал овард.
Пас аз баррасии масъала, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табассум Азиззода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Илҳом Худойдодзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи ноҳияи Айнӣ изҳори назар карда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро ба ҳозирин расониданд.
Дар идомаи маҷлис, раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия баромад намуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ кард ва таъкид дошт, ки барои ислоҳи онҳо бояд дар кӯтоҳтарин муҳлат тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Мавсуф ҳамзамон зикр намуданд, ки бо иқдом ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳияи Айнӣ дар таҳкими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафти соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа саҳми муносиб гузошта, минбаъд низ бо масъулияти баланд амал хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 23