
Дар доираи амалисозии сиёсати маорифпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои нақшаи муштараки сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 38-и деҳаи Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметан вохӯрии навбатии гурӯҳи тарғиботӣ бо усули “Мактаб ба мактаб” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мушовири шуъбаи маориф Анӯшервон Норзода, иҷрокунандаи мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Фархунда Фурқатӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шарифзода Абдуваҳҳоб, муовини роҳбари КАТС-и ноҳия Шониёзов Асадҷон ва дигар масъулон иштирок намуданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳу сифати донишу маърифати сиёсии хонандагон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Зимни суханрониҳо масъулон ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз қабили риояи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба сару либоси миллӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, захираи маводи ғизоӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии иттилоотӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳар як падару модар бояд масъулияти волидайнро дуруст дарк карда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва худшиносии миллӣ ба камол расонад. Ҳамчунин, масъалаи пешгирии бармаҳал оиладоршавӣ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоии рӯз унвон гардид.
Бо назардошти таҷлили Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ, масъулон иштирокчиёнро бо ин санаҳои муҳим табрик гуфта, нақши омӯзгорро дар рушди ҷомеа калидӣ арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ пояи давлатдорӣ ва рамзи ҳастии миллат буда, ҳифзу гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.
Дар қисмати саволу ҷавоб сокинон ва хонандагон андешаҳои худро иброз намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрӣ дар фазои самимӣ ҷамъбаст гардида, таъкид шуд, ки чорабиниҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ бо чунин усул минбаъд низ идома ёфта, ба баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.





и ещё 3