
Дар толори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории ноҳияи Айнӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангии солона бахшида ба зодрӯзи Бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он гиромидошти шахсият ва мероси гаронбаҳои устод Айнӣ, инчунин таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди маърифати ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамоиш Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, олимону адибони шинохта, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин дӯстдорони илму адаб иштирок намуданд. Ҳузури доираи васеи аҳли зиё ва ҳаводорони фарҳанг ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшид.
Қисмати расмии ҳамоиш аз маросими гузоштани гулдаста дар назди пайкараи устод Садриддин Айнӣ оғоз гардид. Иштирокчиён бо эҳсоси ифтихор ва эҳтироми хоса хотираи ин абармарди илму адабро гиромӣ дошта, саҳми бузурги ӯро дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик ва бедории худшиносии миллӣ ёдовар шуданд. Ҳамзамон, хотираи шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ низ бо эҳтироми амиқ пос дошта шуд.
Равшан Раҳимзода дар баромади худ аз ҷумла чунин гуфт: – Бисёр хушҳолам, ки имрӯз дар ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва фарҳангие, ки бахшида ба зодрӯзи Бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ баргузор гардидааст, иштирок дорам. Ин чорабинӣ на танҳо шарафи таърих ва адабиёт, балки омили тарбияи маънавӣ ва худшиносии миллии аҳли ҷомеа мебошад.
Ҳамон тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Адабиёт, илму фарҳанг ва таърих неруи рӯҳии миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри мероси ниёгон расем ва онро ҳамчун асоси худшиносии миллӣ ва таҳкими маънавият гирем.»
Устод Садриддин Айнӣ бо эҷодиёти худ на танҳо адабиёти тоҷикро пойдор намуд, балки меъёрҳои баланди маънавӣ ва худшиносии миллӣ ба мо мерос гузошт. Аз ин рӯ, гиромидошти шахсият ва осори ӯ вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Дар паёми мазкур аз нақши барҷастаи устод Айнӣ дар рушди адабиёт, илм, фарҳанг ва худшиносии миллӣ ёдовар шуда, таъкид гардид, ки осори ӯ то имрӯз аҳамияти бузурги тарбиявию маънавиро нигоҳ доштаанд.
Қисмати илмии ҳамоиш бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва таҳлилҳои амиқи олимону муҳаққиқон идома ёфт. Намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод дар баромади худ доир ба мероси адабии устод Айнӣ ва нақши он дар ташаккули тафаккури миллӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Султон оид ба фаъолияти пурсамари устод Айнӣ ва саҳми ӯ дар рушди забони адабии тоҷикӣ андешаҳои ҷолиб баён кард.
Доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Нуралӣ Нурзод дар бораи асари машҳури устод «Намунаи адабиёти тоҷик» ва аҳамияти таърихиву илмии он маърӯза ироа намуд. Қайд гардид, ки имсол аз соли таълифи ин асари гаронарзиш сад сол пур мешавад, ки ин санаи муҳим дар рушди адабиётшиносии тоҷик ба ҳисоб меравад.
Инчунин, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Беҳрӯзи Забеҳулло ва муҳаққиқ Анзурати Маликзод дар мавзуъҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти илмии устод Айнӣ суханронӣ карданд.
Дар фарҷоми қисмати илмӣ, директори китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов доир ба осори таърихии устод Айнӣ, аз ҷумла асари «Таърихи инқилоби Бухоро», андешаҳои худро баён намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни ҳамоиш нахустин нусхаҳои “Куллиёт”-и устод Садриддин Айнӣ, ки аз ҷониби Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расидаанд, рӯнамоӣ гардиданд. Ин иқдом ҳамчун рӯйдоди муҳими илмӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ шуда, ба таҳқиқу омӯзиши амиқтари мероси устод заминаи мусоид фароҳам меорад.
Чорабинӣ бо сухани ҷамъбастии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода анҷом ёфт. Ӯ ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳми арзандаашон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус ҷавонон, нақши муҳим мебозад.
Дар зимн, тақдими китобҳо аз ҷониби адибон сурат гирифта, ҳамзамон маросими қадрдонии меҳмонон баргузор гардид.
Қисмати фарҳангии ҳамоиш низ хеле ҷолиб баргузор шуда, ҳунармандон аз ашъори устод Айнӣ суруду таронаҳо иҷро намуданд.
Ҳамоиши мазкур бори дигар собит сохт, ки гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла устод Садриддин Айнӣ, дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанг нақши муҳим дорад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 75
Смотреть статистику
108
1
36









