Хабарҳои руз

ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ БИНОИ НАВИ БАХШИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои таҳкими заминаи моддию техникии сохторҳои масъул, беҳтар намудани шароити хизмат ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудааст.

Дар маросими ифтитоҳ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Муҳабат Иброҳимзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарскӣ, сардори Сарраёсати Кумита генерал-майор Ҷамшед Камолзода, муовини сардори Раёсати Кумита дар вилояти Суғд подполковник Ҷамшед Кучаков, директори Фонди Тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалищоев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ҳайати шахсии бахш ва воситаҳои ахбори умум иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти бисёрфунксионалӣ, ки ҳамзамон ҳамчун бинои маъмурии бахш ва паноҳгоҳ барои ҳолатҳои фавқулода хизмат мекунад, барои ноҳия рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад. Ӯ саҳми шарикон ва ҳамаи ташкилоту шахсонеро, ки дар бунёди иншоот иштирок доштанд, қадрдонӣ намуда, зарурати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшударо таъкид кард.

Зикр гардид, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва релефи кӯҳсори ноҳияи Айнӣ, ки дар он эҳтимоли рух додани сел, тарма, ярч ва дигар офатҳои табиӣ вуҷуд дорад, мавҷудияти чунин иншоот барои тақвияти чораҳои пешгирӣ, вокуниши фаврӣ ва ҳифзи аҳолӣ аҳаммияти махсус дорад.

Иншоот дар қитъаи замини масоҳаташ 3000 метри мураббаъ бунёд гардида, онро пудратчии генералӣ — ҶДММ «Файзи Куҳистон» анҷом дода, лоиҳакашии он аз ҷониби ҶСП «ПИТ ва МЛС» амалӣ шудааст.

Бино аз як ошёна ва 14 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ иборат буда, дорои ду хобгоҳ барои мардону занон бо 56 кати хоб, ҳуҷраи тиббӣ, ҳуҷраи модару кӯдак, маҷлисгоҳ, ошхона, анборҳо, дегхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Иншоот бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла трансформатори барқии иқтидораш 100 кВА, обанбори зидди сӯхтор, низоми гармидиҳӣ бо истифода аз неруи барқ ва ангишт, инчунин панелҳои офтобӣ ва системаи захиравии аккумуляторӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин имкониятҳо барои таъмини фаъолияти мунтазами бино, фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат ва нигоҳ доштани омодагии сохтор дар шароити эҳтимолии қатъи неруи барқ мусоидат мекунанд.

Ҳамзамон, муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ генерал-майор Муҳабат Иброҳимзода, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Радослав Дарскӣ ва директори Фонди Тоҷикистонии Оғохон Кишвар Абдулалищоев суханронӣ намуда, аҳаммияти ҳамкориҳои судмандро дар самти таҳкими иқтидори соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва беҳтар намудани шароити ҳифзи аҳолӣ таъкид карданд.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими ҳамкориҳои шарикона ва таъмини амнияти аҳолии ноҳияи Айнӣ арзёбӣ гардида, барои фаъолияти самараноки кормандони соҳа ва баланд бардоштани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.

Leave a Reply

Back to top button