
Дар ноҳияи Айнӣ истиқболи бошукӯҳи сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро софдилона ба анҷом расонидаанд, ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз дар деҳаи Айнӣи Ҷамоати деҳоти Айнӣ бо иштироки масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарбоз Ҷамшед Зуҳуров бо тантана пешвоз гирифта шуд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо таъкиди Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода баргузор гардида, ҳадаф аз он арҷгузорӣ ба хизмати содиқонаи фарзандони Ватан ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад.
Лаҳзаҳои истиқбол барои падару модар ва хешу таборони сарбоз хеле ҳаяҷоновар ва фаромӯшнашаванда буданд. Шодии бозгашти фарзанд ҳадду канор надошта, фазои чорабинӣ пур аз эҳсоси меҳру муҳаббат гардида буд. Дар як лаҳзаи рамзӣ сарбоз Ҷамшед Зуҳуров гулдастаи меҳру эҳтиромро ба модараш тақдим намуд, ки нишонаи садоқат, қадршиносӣ ва муҳаббати беандоза ба волидайн арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба сарбоз барои хизмати содиқона ва намунавӣ сипоснома ва ифтихорномаҳо дар фазои тантанавӣ супорида шуданд.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ ҳамаи афсарону сарбозоне, ки хизмати ҳарбиро бо сарбаландӣ ба анҷом мерасонанд, бо эҳтирому самимият ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифта мешаванд. Ин иқдом ба болоравии руҳияи ҷавонон, таҳкими ифтихори миллӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан мусоидат менамояд.
Сарбоз Ҷамшед Зуҳуров низ пас аз адои хизмати ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ба зодгоҳ баргашта, аз чунин истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ





и ещё 11
Смотреть статистику
67
1
10









