Бо ташаббуси Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 30 – солагии Рӯзи Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хотири арҷ гузоштан ба хизматҳои шоёни фарзанди сарсупурдаи Ватан Аловиддин Мирзоев нимпайкара гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи ҳуҷуми аҳдшиканонаи қирғиз Аловиддин Мирзоев бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон дод. Ӯ барои ғасб кардани замини бегона не, баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохт, то мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ намоем.
Пас аз пардабардорӣ аз рӯйи нимпайкараи қаҳрамон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: -Мирзоев Аловиддин Мирзоевич аз ҷумлаи родмардони сарсупурдаи Ватани азизамон мебошад. Эҳсоси ватандӯстӣ ва мушкилнописандии фарзандони барӯманд ва ватандӯсти миллатамон буд, ки имрӯз барои мо, ки Истиқлоли давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд. Мо дар назди корнамоиҳои қаҳрамонони ватану миллати худ сари таъзим фуруд меорем ва ҳамеша дар хотир хоҳем дошт, ки ба туфайли чӣ гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Аз ин лиҳоз, нимпайкараи Аловиддин Мирзоев дар дилҳои мо ҳамчун рамзи қаҳрамонӣ сабт хоҳад гашт!
Ҳамчунин, дар маросими пардабардории Аловиддин Мирзоев намояндаи РКДАМ дар вилояти Суғд Исмоилзода Фирӯз Зокир, собиқадори соҳаи Амнияти миллӣ Амирқул Азимов ва дигар фаъолону хешовандони қаҳрамон суханронӣ намуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ