Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти истеҳсолот дар корхонаи маъдантозакунии Кончоч воқеъ дар назди деҳаи Саратоқи Ҷамоати деҳоти Фондарё дидан намуд.
Дар корхонаи истеҳсолии консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” айни ҳол зиёда аз 1200 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд, ки 1060 нафари он сокинони ноҳияи Айниро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки кормандони ширкат имрӯз бо маоши на кам аз 5 ҳазор сомонӣ бо ҷои кори доимӣ ҷалб гардида, музди маоши миёнаи корхона 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Корхонаи мазкур барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намуда, аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, васеъ истифода менамояд. Фаъолият айни замон дар ин корхона хеле хуб ба роҳ монда шуда, барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳал ва рушди соҳаи саноати мамлакат мусоидат менамояд.
Муқим Муродзода зимни боздид аз корхонаи мазкур афзуд, ки дар давоми солҳои охир бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан дар ноҳияи Айнӣ ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст, ки ин боиси хушнудии мардуми ноҳияи мо мебошад.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Муқим Муродзода зимни сӯҳбат бо масъулони корхона гуфт, ки саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Аз ин лиҳоз, мо бояд дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми муносиб гузорем.