Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҷидду ҷаҳд менамояд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода имрӯз, санаи 31-уми майи соли 2024 аз рафти корҳо деҳаҳои Ҳайронбед ва Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарё дидан кард.
Бояд махсус қайд кард, ки имрӯзҳо дар ин деҳот корҳои созандагию ободкорӣ бомаром идома доранд. Мардум дар фазои осоишта бо хотири ҷамъ баҳри боз ҳам шукуфоии кишвар якдилона заҳмат мекашанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар деҳаи Ҳайронбед сохтмони маҷмааи варзишӣ иборат аз майдонча барои футболбозӣ, воллейболу баскетболбозӣ, таъмири толори варзишии мактаби деҳа, майдонча барои солим нигоҳ доштани тану бадан ва тармими ҳамарӯзаи ҷисм, инчунин ҳавзи шиноварӣ вусъати тоза пайдо карда, дар ҳама ҷои маҷмаа корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Маҷмаа бо стандартҳои замонавӣ тарҳрезӣ гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир сохта мешавад.
Айни ҳол дар Маҷмаа корҳо қариб 80% иҷро гардида, дар давоми як моҳ пурра ба анҷом мерасанд.
Муқим Муродзода –Раиси ноҳияи Айнӣ масъулинро водор намуд барои сифатан хуб сохтани Маҷмаа диққати махсус зоҳир намуда, онро дар доираи талаботи ҷавобгӯ ба сохтмонҳои ҳозиразамон мувофиқат намоянд.
Баъдан, Раиси ноҳия аз рафти корҳои лоиҳакашӣ аз Беморхонаи минтақавии №6-и деҳаи Дижик дидан карда, бо мутахассисон аз наздик сӯҳбат намуд.
Маълум гардид, ки корҳои лоиҳакашии ин иншоот ба анҷом расида, ҳам акнун корҳои сохтмонӣ оғоз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави беморхона дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи минтақавии деҳаи Дижик, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии №6 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи арзишманд барои мардуми дараи Искандаркӯл ба шумор хоҳад рафт.
Ҳамчунин, Муқим Муродзода аз раванди таҷдиди маҷмааи хизматрасонӣ дар деҳаи Тӯдаи ҷамоати деҳоти Фондарё дидан карда, ба соҳибкорон оид ба дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани қабули сайёҳон маслиҳатҳои муфид дод. Маҷмааи хизматрасонии болозикр аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва талаботи хуби хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода барои иҷрои босифати корҳои бунёдкорӣ ва дар мӯҳлати пешбинигардида ба истифода додани ин иншооти зебою замонавӣ ба мутасаддиён дастуру супоришҳои амиқ дод. Қайд гардид, ки ҳамаи иншооти болозикр бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда мешаванд.
Раиси ноҳия гуфт, ки мақсад аз таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ин зина ба зина обод гардонидани Ватан ва ба зиндагии шоиста сазовор гардонидани мардуми азизи Тоҷикистон мебошад.
Маркази матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ