Хабарҳои руз

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024

9-уми июли соли 2024 дар толори калони маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Раҳим Санъат Асо, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва воҳидҳои сохтории он, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳои саноатии дар ҳудуди ноҳия фаъолияткунанда, сардухтурони беморхонаҳои ноҳиявӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, сархатиби ноҳия, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ноҳия ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Аз рӯи масъалаи рӯзнома “Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар шашмоҳаи соли 2024” муовини Раиси ноҳия Рӯзибой Раҳимзода баромад намуд.
Сипас, Раиси ноҳия Муқим Муродзода фаъолияти ҳама соҳаҳоро таҳлил намуда, аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони фаъолу масъул пурсиш ба амал овард.
Пас аз таҳлилу баррасии масъала намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Раҳим Санъат Асо ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2024 изҳори андеша намуданд.
Зимнан, Раиси ноҳия Муқим Муродзода оид ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 андешаронӣ намуда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта изҳори нигаронӣ кард ва ба масъулон дастур дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат роҳи ҳалли ислоҳи онро ёбанд.
Ҳамзамон, Муқим Муродзода намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро бовар кунонид, ки камбудиҳо саривақт бартараф карда мешаванд.
Дар охир, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ дар ноҳияи Айнӣ Қурбонбой Шарифов ва муовини раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Оқилбой Носиров бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ бо қадрдониву мукофоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар ҳузури фаъолон бо тантана ба нафақа гуселонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button