Нимаи дуюми рӯзи 2-юми июли соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқтаъминкунӣ дар Ҷамоати деҳоти Урметан дидан намуд. Бояд гуфт, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо дарназардошти дархости мардуми ҷамоат аз ҷониби “Барқи тоҷик” зеристгоҳи барқтаъминкунӣ сохта шуда истодааст. Сохтмончиён аллакай бунёди иншоотро 50% иҷро намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ба анҷом расонанд. Сохтмони зеристгоҳ ба хотири босифат таъмин намудани аҳолӣ бо барқ бунёд карда мешавад.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни сӯҳбат бо сохтмончиён ва мутасаддиён дастуру супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуд онро бо сифати аъло мавриди истифода қарор диҳанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин, илова намуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ШСХК “Барқи тоҷик” ният дорад барои барқтаъминкунии деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Урметан ва як қисми шаҳри Панҷакент сохтмони як адад зеристгоҳи барқии 110/10 кВ, наздик ба 53 км хати интиқоли барқи 10 кВ, хатҳои интиқоли барқи 0,4 кВ дар ҳамаи деҳаҳо, насби трансформаторҳо, низоми муосири назорату ҳисоби неруи барқ ва инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии соҳаи барқтаъминкуниро дар Ҷамоати деҳоти Урметан ва қисман шаҳри Панҷакент ба роҳ монад.
Татбиқи лоиҳа, пеш аз ҳама, ба дастрасии пурра пайдо намудани мардуми деҳот ба неруи барқ, хизматрасонии хуби барқтаъминкунӣ ва паст гардидани ташвишу ногувориҳои зиндагии мардум нигаронида шуда, баҳри рушди иҷтимоии минтақаи поёноби водии Зарафшон шароит фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби оилаи Раҳмоновҳои деҳаи Урметан корҳои сохтмонии бинои иншооти истифодашаванда, гирдбасткунии иншоот ва дастраскунии масолеҳ пурра таъмин гардида истодааст.
Раиси ноҳия Муқим Муродзода зимни мулоқот бо сохтмончиён гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат нерӯгоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ гардида, зеристгоҳҳои барқӣ низ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд, ки сифати таъминоти нерӯи барқ ба аҳолӣ боз беҳтару хубтар гардид.
Инчунин, Раиси ноҳия ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъмини доимии нерӯи барқ дар фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ низ мусоидати фаъол менамояд. Зеристгоҳи барқии мазкур гуфт Муқим Муродзода бо назардошти рушди ояндаи инфрасохтори ноҳия, яъне бунёд гардидани боз даҳҳо иншооти таъиноти гуногун аз нав таҷдид шуда ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ноҳия заминаи мусоид мегузорад.