Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз интихоби ҷойи сохтмони сардхона дар деҳаи Урметан дидан кард. Бино ба гуфти мутасаддиён ин аввалин сардхона бо сохтмони стандартҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир хоҳад буд. Иншооти мазкур дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фарзон Субҳонқулов бунёд мегардад ва барои нигоҳдории маҳсулоти гуногуни кишоварзиву маводи ғизоӣ имконияти васеъ дорад. Аз ҷумла, дар сардхона имконият аст, ки сабзавоту мева ва дигар намуди маҳсулоти ғизоӣ, ки ниёз ба нигоҳубини хос доранд, захира карда шавад.
Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили иншоотро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамояд, насб карда мешавад. Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳидаи нигоҳдории молу маҳсулот хоҳад буд ва дар он барои кашонидани бор шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мегардад ва ин иқдом имконият медиҳад, ки дар ҳама фаслҳои сол бозорҳои ноҳия бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ таъмин гарданд. Дар ин баробар, маҳсули дастранҷи деҳқонони ноҳия дар сардхона захира гардида, дар ҳолати афзоиши талабот, ба дигар гӯшаю канори кишвар низ содирот мегардад.
Бинои сардхона аз се ошёна иборат хоҳад буд ва дар ошёнаи сеюмин соҳибкор ният дорад тӯйхонаи наву замонавӣ барои гузаронидани маъракаҳои иҷтимоии Ҷамоати деҳоти Урметан бунёд намояд. Умед аст то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 2024 иншооти мазкур мавриди истифода қарор гирад.
Раиси ноҳия ба соҳибкор барои чунин як иқдоми нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори миннатдорӣ баён намуд.