Санаи 6-уми августи соли 2024 Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар корҳои мумфаршкунии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 иштирок намуд.
Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омад.
Масофаи дарозии роҳи мумфаршшаванда зиёда аз 1000 метр, паҳноии он бошад 4 метр буда, мутобиқ ба меъёру талаботи пешбинишуда ва бо истифода аз техникаю механизми зарурӣ пурра мумфарш карда мешавад.
Мақсади асосӣ аз чунин иқдом сазовор истиқбол гирифтани ҷаншни бузурги миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тадбирҳои ободониро бо сатҳу сифати баланд амалӣ карда истодаанд.
Раиси ноҳия зимни сӯҳбат бо роҳсозон ва сокинон гуфт, ки ин иқдом дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ ба нақша гирифта шудааст.