Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, маводи хӯрока ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз рузҳои нахустини офати табиӣ дар деҳаҳои Пасрӯди Ҷамоати деҳоти Фондарё, Гузари Боди Ҷамоати деҳоти Рарз ва Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ситод ташкил шуда, вазъият таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад.
Субҳи имрӯз 6-уми августи соли 2024 кӯмакҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси зарардидагон гардонида шуд. Зимни баромади худ дар ситоди ташкилгардида Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода гуфт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони зарардида манзилҳои истиқоматӣ бо дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд ва дар кутоҳтарин муҳлат ба истифода дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки 13- уми июли соли равон ба муддати чанд руз пайҳи ҳам фаромадани сел дар деҳаҳои болозикри ноҳияи Айнӣ чандин хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Айни ҳол бо дастури махсуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ барои мардуми деҳаи Искодар, ки дар асоси офати табиӣ сахт зарар диданд, дар масоҳати 2 гектару 85 сотих дар мавзеи Дашти Искодар замин ҷудо карда шуда, ба 15 хоҷагӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Сохтмони биноҳоро ҶДММ “Зарафшон Сохтмон” ба ӯҳда гирифтааст. Дар мавзеи номбурда ҳамагӣ барои 60 хоҷагӣ бино замин ҷудо гардида, дар оянда дар ин ҷо муассисаи таълимӣ, биноҳои маишию хизматрасонӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон низ сохта мешавад.
Дар мавзеи Дашти Искодар, ки сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагон бунёд карда мешаванд ситоди доимоамалкунанда ташкил шуда, рафти корҳои сохтмонӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Раиси ноҳия дар оғози корҳои бунёдкорӣ ба сохтмончиён дар самти бо сифат ва мутобиқ ба талаботи замон ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда вазифаҳои мушаххас дод.
Ҳар як оилаи зарардида аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипосу минатдории бепоёни худро баён намуданд.