Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои калидӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ёвони Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ аз мавзеи Шохи дарвозаи деҳаи Ревад бо саҳми сокинону соҳибкорон хати оби нӯшокӣ ва полезӣ кашида шуд, ки дар натиҷа қариб 65 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин гардид.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар ифтитоҳи истифодабарии об ширкат намуда, мардуми деҳотро ба муносибати ин санаи таърихӣ шодбош гуфт.
Ба Раиси ноҳия Муқим Муродзода иттилоъ дода шуд, ки саргаҳи об деҳаи Ёвон буда, бо харҷи 150 ҳазор сомонӣ ба масофаи 12 километр тавассути қубурҳои полиэтиленӣ бо қутри 63мм об оварда шуд.
Соҳибкорону сокинон нақша доранд, ки дар оянда барои бунёди иншооти муҳим саҳми арзанда гузошта, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гиранд.
Бояд гуфт, ки аҳолии деҳаи Ёвон солҳои тӯлонӣ аз норасогии оби нӯшокӣ азият мекашиданд. Хушбахтона, соли 2024 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мақсади дастгирии аҳолии деҳаи Ёвони Ҷамоати деҳои Урметан ва саҳми аҳолии деҳа таъмини бо оби нӯшокӣ амалӣ карда шуд, ки барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва ба тамоми кӯчаю гузарҳои деҳа хати оби нӯшокӣ интиқол дода шуд.
Дар натиҷа, аҳолии деҳаи Ёвон бо оби нӯшокӣ таъмин гашта, деҳа як ҳусни дигар гирифт. Ба ғайр аз ин, аҳолии деҳа заминҳои қитъаи наздиҳавлигиро обёрӣ намуда, аз он ҷо маҳсулотҳои картошка, карам, шалғам, помидор, бодиринг, булғорӣ, сабзӣ, кабудӣ ва ғайраро истеҳсол намуда, ба буҷаи оилавии худ даромад оварда истодаанд.
Таъмини оби тозаи ошомиданӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт дар идомаи татбиқи ташаббусҳои шоёни роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ зери таваҷҷуҳи пайваста қарор дошта, тайи солҳои охир бо татбиқи барномаҳои гуногун дар ин самт дар ноҳия дастовардҳои зиёд ба миён омадааст.
Дар доираи иқдомҳои созандагии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкили нарасидани оби ошомиданӣ ва полезӣ дар ноҳия давра ба давра роҳи ҳалли худро пайдо менамояд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ