Ҳамасола 18-уми август, ҷашни зодрӯзи олими маъруф ва табиби барҷастаи тоҷику форс Шайхулраис Абуалӣ ибни Сино ва Рӯзи табибон ҷашн гирифта мешавад.
Вобаста ба ин субҳи имрӯз 17-уми августи соли 2024 дар деҳаи Зоосуни Ҷамоати деҳоти Айнӣ Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо иштироки Раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.
Дар ҷамъомад сардухтурон, табибони беморхонаҳои ноҳиявӣ ва минтақавӣ ва собиқадорони меҳнати соҳа ширкат варзиданд.
Нахуст Раиси ноҳия ба сухан баромада, тамоми табибони ноҳияро бо рӯзи касбияшон муборакбод гуфта, аз ҷумла қайд намуд, ки: “Бобати татбиқи муваффақонаи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти Олии мамлакат, масъалаи рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, бо мақсади саҳмгузорӣ ба рушди соҳа тадбирҳои мушаххас рӯи кор гирифта шуда истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳоуимияти давлатии ноҳияи Айнӣ баҳри рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳад кард. Соли равон дар доираи сафари кории хеш Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Ҷамоати деҳоти Фондарё, деҳаи Ҳайронбед сафар намуда, бо Лоиҳаи бинои нави Беморхонаи минтақавии №6 шинос шуданд. Бояд гуфт, ки бинои нави Беморхона бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бунёд гардида, сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии №6 дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи арзишманд барои сокинони деҳа ба шумор хоҳад рафт.
Боварии комил дорам, ки табибони мо минбаъд низ ҳамчун ворисони Синои бузург барои татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри иҷрои рисолати амалигардонии нақшаву ниятҳои наҷиб ва саҳмгузорӣ дар раванди солимии миллат кафили рушди босуботи Тоҷикистон ва беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод”.
Дар охир, як қатор табибони ноҳия барои хизматҳои софдилонаю арзандаашон бо нишони сарисинагии Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ