Хабарҳои руз

ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН

Субҳи имрӯз, 17-уми августи соли 2024 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории ноҳияи Айнӣ машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.
Дар кори машварат Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода, Пешвои миллат доимӣ дар андешаи беҳбудӣ ва рушди соҳа мебошанд, — таъкид дошт раиси ноҳия Муқим Муродзода.
Қайд гардид, ки маорифчиёни ноҳия бо арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии халқамон ҷиҳати тарбия намудани наслҳои арзандаи давру замон ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардиданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки пешрафти тамоми соҳаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф алоқаманд аст. Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаи илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар ноҳия 67 муассисаҳои таълимӣ (55 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 12 муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ) фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 18886 нафар хонандагон, аз он ҷумла 9414 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон бошад 1729 нафар буда, аз инҳо 710 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 6 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 561 нафар кӯдакон (аз инҳо 243 нафар духтарон) фаъолият намуда истодаанд. Вазъи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ вобаста аз буҷети тасдиқшуда беҳтар гардида истодааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025»-ро зери таваҷҷуҳ қарор додааст.
Дар давоми соли 2024 мувофиқи талаботи Барнома 48 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуд. Айни ҳол муассисаҳои таълимии ноҳия 248 адад кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ таъмин гардидаанд, ки ин 91,5%-и нақшаро дарбар мегирад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-08-2008 таҳти №436 «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2017, ки дар хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо, биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгиранд», зери назорат қарор додааст.
Дар охир, омӯзгорони пешқадам, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштирокдорони чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳуриявӣ бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, туҳфа ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Back to top button