Хабарҳои руз

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ ДАР ДОИРАИ “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” БО АҲОЛИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШАМТУЧ

Санаи 21-уми августи соли 2024 дар толори маҷлисии бинои Ҷамоати деҳоти Шамтуч Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода бо фаъолони ҷамоат мулоқот доир намуд.
Раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолони ҷамоат дар мавзӯи маърифати ҳуқуқӣ сӯҳбат намуданд.
Муқим Муродзода доир ба нуқтаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2023-юм ироа гардид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023-юм, №668 “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024”, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” ва оид ба баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати экологии шаҳрванд баромад намуд.
Аз ҷумла Раиси ноҳия гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати шаҳрвандӣ, инчунин ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд ва ин қобили дастгирии аҳли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар гардид.
Маърифати ҳуқуқӣ сатҳи таърихан муайяншудаи инкишофи ҷомеа буда, қувваи эҷодӣ ва қобилияти инсон, муносибати байниҳамдигарии аҳли ҷомеаро дар арзишҳои моддӣ ва маънавии эҷодшуда баён менамояд. Маърифати ҳуқуқии инсон қисми таркибии маданияти маънавӣ баҳисоб рафта, он аз низоми донишҳо, муайянияти арзишӣ, ҳиссиёти равонӣ дар заминаи эътирофу эҳтироми шаъну шарафи инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин соҳиби малака ва тавоноӣ мавриди амалисозӣ ва ҳимоя дар муносибатҳо роҳандозӣ мегардад. Маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи хуқуқии инсон зоҳир мегардад.
Ҳамчунин, сардори шӯъбаи КДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳия Азизҷон Ҳусейнзода вобаста ба мавзӯи болозикр изҳори ақида карда қайд кард, ки маърифати баланди ҳуқуқӣ асоси ҷомеаи демократӣ ва нишондиҳандаи камолоти низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ин омилест, ки ба танзими тамоми равандҳои гуногуни зиндагӣ таъсир дорад, ки ба муттаҳидсозии шаҳрвандон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ин гуна ҷомеаро дастгирӣ намуда, дар он тартиботро нигоҳ медорад.
Яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишвар аст, ки ин боис мегардад, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Эҳтиром ба қонун яке аз талаботи асосии ҷомеаи ҳуқуқӣ, фаъолияти самарабахши низоми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишварҳое мебошад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намудаанд.
Дар ҳақиқат қабул гардидани Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 ҳамчун ҳуҷҷати дорои эътибори олии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, самтҳои нави рушди ҷомеаро муайян кард. Арзиши олӣ эътироф намудани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ, ҷонибдорӣ аз принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, инчунин эътирофи гуногуншаклии моликият, махсусан моликияти хусусӣ аз ҷумлаи пешравиҳо мебошанд, ки заминаи рушди сифатан нави давлат ва ҷомеа гардиданд.
Раиси ноҳия дар охир ба масъулон барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар нуқтаҳои фурӯши ҷамоат, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025, ҷамъоварии ҳосил, истифодаи самараноки замин, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ, густариши корҳои бунёду созандагӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Back to top button