Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия ва таҳкими муносибатҳои ду давлат, ки солҳои охир дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ беш аз пеш густариш меёбад, андешаронӣ карданд.
Муқим Муродзода- Раиси ноҳияи Айнӣ иброз дошт, ки ин ҳама пешравиҳо аз натиҷаи самараи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин гувоҳӣ медиҳад.
Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин дар навбати худ қайд намуд, ки Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодии хуб дошта, омода аст ҳамкориро дар бахшҳои саноату кишоварзӣ, дорусозӣ, сайёҳӣ, фарҳанг, илму маориф ва дигар соҳаҳои зарурӣ боз ҳам тақвият бахшад.
Раиси ноҳия ва Консули генералӣ дӯстона даст фишурда ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намудад. Муқим Муродзода ба Сергей Ланкин маҷмӯаи роҳнамои сафарӣ барои сайёҳон ба ноҳияи Айниро тақдим намуда, таъкид кард, ки муҳтарам Консул албатта барои ташриф овардани сайёҳони мамлакати ба мо дӯсту бародаи Федератсияи Россия мусоидат кунанд. Зеро, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд маконҳои қобили ҷалби диққати сайёҳон хеле васеъ буда, имрӯз дар ноҳияи мо барои қабули сатҳи зарурии сайёҳон ҳамаҷониба омода мебошад.
Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин ваъда дод, ки барои густариш додани соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони Федератсияи Россия ба ноҳияи Айнӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт. Зеро, илова намуд Консул, ноҳияи Айнӣ воқеан ҳам табиати зебою дилписанд ва манзараҳои диданбобу ногуфтанӣ дорад.