Без рубрикиХабарҳои руз

Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ бартараф мегарданд

Таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода оқибатҳои офати табиӣ дар деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ бартараф мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки 13- уми июли соли равон ба муддати чанд руз пайҳи ҳам фаромадани сел дар деҳаҳои болозикри ноҳияи Айнӣ чандин хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гардида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, боғоту заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ Ситоди доимамалкунанда таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Муқим Муродзода таъсис дода шудааст. Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи деҳаи Искодари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани манзилҳои сокинони зарардида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.

Айни замон бо ташаббуси Роҳбарияти ноҳияи Айнӣ дар мавзеи Дашти Искодар ҳашари дастаҷамъӣ ташкил гардида, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ба он ҷалб карда шуданд. Имрӯз корҳои бартарафкунӣ ва сохтмонӣ хонаҳои нави истиқоматӣ ба оилаҳои зарардида дар мавзеи болозикр бо маром идома доранд. Сохтмончиён ният доранд то фарорасии фасли сармо бунёди хонаҳоро ба итмом расонанд. Бунёди хонаҳои истиқоматиро сохтмончиёни ҶДММ “Зарафшон – Сохтмон” ба ӯҳда гирифтааст.

Раиси ноҳия гуфт, ки мо дар Дашти Искодар дар баробари сохтмони 15 манзили истиқоматӣ дар мавзеи навбунёд, дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳанд гашт. Аз ҷумла, хати барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ, майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешаванд.

Раиси ноҳия ба масъулони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ дод, ки  ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд, то ҳарчи зудтар оилаҳои боқимонда ба хонаҳои нави худ дароянд.

Раиси ноҳия, ҳамчунин, аз рафти таъмиру азнавсозии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и деҳаи Искодар дидан кард. Ёдовар мешавем, ки бо сабаби дар боло зикршуда муассиса зарари ҷиддӣ дид. Айни замон дар муассиса корҳои бартарафсозӣ ва таъмири капиталӣ бо муваффақият идома дошта, корҳо дар ин самт аллакай 90% иҷро шудаанд.

Раиси ноҳия бо мутасаддиён ва таъмиргарон сӯҳбат намуда, таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба сифат ва стандартҳои ба талабот ҷавобгӯ аҳамият диҳанд. Имрӯз муассиса бо маводи баландсифати таъмирӣ таъмин мегардад. Дар он дару тирезаҳои наву замонавӣ насб шуда, дигар лавозимот низ бо сифату стандартҳои замонавӣ таъмин мешаванд ва албатта 1-уми сентябр Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 дарҳои худро барои толибилмон боз хоҳад кард.

Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

 

Back to top button