Дар толори маҷлисии Хонаи фарҳанги деҳаи Дар-Дари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар, дар зодгоҳи шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии қабули Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари таҳлилӣ дар мавзӯи “Шарҳи сиёсӣ ва ватандӯстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди амалии он дар ташаккули афкори ҷомеа” баргузор гардид.
Дар семинар муовини раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, муовини якум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо, котиби Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода ва аҳли зиёи Ҷамоати деҳоти ар-Дар ширкат варзиданд.
Семинар бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз гирифт.
Ҳайати болозикр дар ҷамъомад атрофи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати он дар фазои сиёсии кишвар ва берун аз он, инчунин, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти муаллифи он шоири халқии Тоҷикистон –устод Гулназар Келдӣ андешаронӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳия Суруди миллии Тоҷикистонро як шоҳкории безавол номид.
Ҳамзамон, муовини якум раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва котиби Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Абдушукур Хокирозода атрофи матни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тафсири мазмунӣ ва арзишии он изҳори ақида намуданд.
Қайд гардид, ки Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми сентябри соли 1994 қабул шуда, муаллифи матни он шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва муаллифи оҳангаш Сулаймон Юдоқов мебошанд. Ҳангоми арзёбии матн ва мазмуни Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар назар гирифт, ки он зери таъсири чанд омил таълиф шудааст, ки рӯи матну мазмуни он таъсири худро доштаанд.
Якум, суруди миллӣ 1 матни сиёсӣ ва рамзист, ки бояд рӯҳия, ифтихор ва арзишҳои асосию номусии миллатро ба таври кутоҳ, рӯшан, нишонрас ва мутантан ифода намояд. Бо тафовут аз шеъри тасвирию ғиноӣ, дар матни суруди миллӣ санъатҳои бадеӣ, кинояву истиора ва сухани печида камтар ба кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, суруди миллии баъзе давлатҳо ҳатто аз маҷмуаи шиору ибораҳои насрӣ ё нимамавзун иборатанд.
Дуюм, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯби оҳанги мавҷудаи суруди пешина таҳия шудааст, ки то соли 1994 бар матни Устод Абулқосим Лоҳутӣ ва оҳанги Сулаймон Юдоқов садо медод (Чу дасти рус мадад намуд…). Ва муаллифи суруди нав бояд ин чорчубро риоят намуда, ибораву сатрҳоро дар доираи он оҳанг ҷой мекард. Зеро оҳанги зикршуда ба ҳадде қавию мутантан аст, ки шукӯҳу қудрати хосаи сурудро таъмин мекунад.
и ещё 9