Рафти иҷроиши Қонуну Қарорҳо

НАЗАРЕ БА РАСМУ ОИНИ СОКИНОНИ РЕВАДИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Ҳар як халқу миллат вобаста ба шароити зиндагӣ ва маҳалли зист ба худ урфу одат ва маросими хоси миллӣ дорад.  Ревад рустое аз деҳаҳои болооби Зарафшон буда, дар саргаҳи роҳи мошингарди Душанбе-Самарқанд қарор дорад. Мардуми ин деҳа ба худ расму расм ва урфу одати хос доранд. Масалан, агар дигар сокинон Иди Наврӯзро аз 18 то 21-март таҷлил кунанд, пас сокинони Реваддеҳ онро чун соли нав 12-март таҷлил мекунанд. Ҳоло мо дар зер чандтои онро ба таври мухтасар меорем:

Туйи хонадоршавӣ

Аз интихоби келин бо маслиҳати хешу табор ва аҳли оила сар мешавад. Аз байни чанд нафар духтаре, ки наздикони домоди оянда пешбинӣ кардаанд, якеро интихоб карда, 2 ё 3 нафар шахсони калонсол ва обрӯманди тарафи домодшаванда ба хостгорӣ мераванд. Маросими хостгорӣ 2 – 3 баъзан чандин бор такрор мешавад. Ниҳоят баъд аз розигии тарафайн фотеҳа ё ноншиканон баргузор мешавад, ки дар он ду нонро баробар таӣсим карда, ҷамъомадагон як қисми аз онро тановул мекунанд, қисми дигарашро ба занон медиҳанд. Баъд аз маросими фотиҳа расму русумҳое чун тӯй барои ҳезумчӣ, сару по буррон, курпаандозон паси ҳам иҷро мешаванд. Баъди маросими ниқоҳ келинбинон ва хонаталбон иҷро карда мешавад. Дар рӯзи келинсалом ду зани калонсол ба хондани дуо ва саловот, порчаҳои шеърӣ ба ҷо оварда мешавад. Шаби ниқоҳ бо овардани арӯс ба хонаи домод (солҳои пеш бо апс) арӯсро се маротиба гирди оташ мечархониданд. Рӯзи келинсалом арӯси нав аз нони гарм (кулча) ва равғани маска барои занони дар маросим иштирокдошта чанголӣ тайёр мекард. Баъди тӯй арӯс ва домод 40-рӯз чилладор ҳисоб мешуданд.

Тавлиди фарзанд

Таваллуди фарзанди нахустинро бесаброна аҳли оила мунтазир мешуданд. Баъди тавлиди кӯдак муллои гузар ба гӯшҳои ӯ азон ва такбир мегӯяд. Шахсони бофарҳангу донишманд аз рӯи китоб ба ӯ ном мегузоштанд. Баъдан маросими гоҳворабандон бо иштироки занон мегузашт. Дар синни 2-то 4 чорсолагӣ маросими кокулзанон ба ҷо оварда мешавад. Писаронро дар синни 3-7 солагӣ хатнасур мекарданд.

Дафн

Ҳангоми назъи ҷон мулло ё шахси калонсоли наздики фавтшаванда калимаи шаҳодатро такрор карда, ба даҳони ӯ бо пахта об мечакониданд. Баъди баромадани ҷон манаҳ ва сарангуштони пойи ӯро баста дар хонаи алоҳида мемонанд. Шабона чароғро даргиронда мемонданд. Аз наздикони майит ӯро шуста ба кафан мепечонанд. Мардҳо ба сар тоқӣ, ҷома ва миёнбанд – занҳо рӯймоли сафед хилъати сиёҳ мепӯшанд. Рӯзи 3 (оши сари тахта), ҳафт, чил ва сол гузаронида мешавад. Наздикони майит 40-рӯз саҳар (баъди намози бомдод) ва пешин (пеш аз намози аср) ба сари қабр рафта сураи «Таборак»-ро мехонанд.

Наврӯзи Ревад

Дар деҳаи Ревад соли нави миллиро 12-март ҷашн мегиранд. Ин рӯзро барои Ревадиён пири онҳо, ки ҳама ба он кас муътакиданд муайян кардаанд. Мулло Абдуллоҳи Валӣ зодаи Бухоро буда, дар деҳаи Ревад зиндагӣ ва вафот кардаанд ва аз силсилаи тариқати нақшбандия мебошанд. Дар рӯзи нахустини соли нав ревадиён аз болои рӯди деҳа мегузаранд. Сипас ба хона омада оина, корд, китоби муқаддаси «Қуръон»-ро мебинанд. Баъдан омада ягон дарахти мевадорро ба оғӯш мегиранд. Занони калонсол мӯи сари ҷавондухтаронро бо қайчӣ мезананд, то ки дароз гардад. Ҳамсояҳо бегоҳи ид оши палов карда ба хонаи якдигар оши идӣ мебаранд. Мувофиқи гуфтаи ревадиён се рӯзе, ки соли навро ид мекунанд, бояд яке аз рӯзҳои он панҷшанбе бошад. Духтарон ва писарон ба бар либосҳои нав мекунанд. Дар боғҳо сайругашт ва арғунчабозӣ барпо мекунанд.

Дар ҷои кушоди деҳа бо сарварии мӯйсафедон деги калоне монда, аз гандум, гӯшт, сабзӣ, картошка, лубиё, нахӯд бо номи ”Деги дарвешон” хӯроки идона мепазанд.

Дар токчаҳо аз рӯи одати ниёгон аз чӯбчаҳои бурси хушк шамъ дар мегиронанд. Бачагон бо худ хурҷин гирифта ба хонаи ҳамсояҳо барои бойчечкгӯӣ мераванд. Шеърҳои наврӯзӣ хонда аз тарафи соҳибхонаҳо тӯҳфаҳои идона мегиранд.

Аз шеърҳои наврӯзии сокинони деҳа:

Шохаки зардолу ғур-ғур мекунад,

Ҷон бибӣ табақчаро пур мекунад,

Агар пур накунад, мезанем мешиканад,

Бойчечак- бойчечак

Мо гадо нестем, ки арзан бигирем,

Тангаю тилло бидеҳ зан мегирем,

Бойчечак, бойчечак.

 

Ахадқул Узбеков, Мӯсо Ализода

Омӯзгорони МТМУ№10 деҳаи Ревад

Back to top button