Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо дар ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти он буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст. Вале бо вуҷуди ин вобаста ба дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд.
Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ҳисобида мешавад ва масъулияти аввалиндараҷаи волидайн дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Барои хушбахтии фарзандон заҳмати волидон дар ҷойи аввал меистад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида, дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд.
Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин зулм аст, хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат дар оила ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти Кодекси ҶТ дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии ҶТ барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Масъалаи «Зӯроварӣ дар оила» яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 19-уми марти соли 2013 таҳти №954 ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Хушунат зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ месозад. Дар оилае, ки зулму хушунат аст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асар намемонад. Бадбахтиаш дар он аст, ки агар зулм ба як нафар дода шавад, ранҷи ӯро тамоми аъзои оила мекашанд.
Мисол, агар шавҳар зани худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии фарзандон мегардад. Аз ин озор ҳатто тамоми хешу табори мазлум низ азоби рӯҳӣ мекашанд. Яъне, озори яке аз аъзои оила боиси зулму азоби як оилаи калон мегардад. Тибқи маълумоти илми равоншиносӣ дар зиндагонӣ ҳар як рафтору кирдоре, ки дар оила рух медиҳад, дар асаби кӯдак ҳамчун навори кино сабт мешавад, агар мо дар ин самт бо якдигар ғамхору мушфиқ набошем, ахлоқи хубу рафтори шоистаро анҷом надиҳем, ба ҳолатҳои ногувор дучор мегардем ва аллакай дар мафкураи кӯдаки мо лаҳзаҳои нохуш сабт мегарданд, ки дар оянда ба зиндагонии кӯдак заминаи хуб гузошта наметавонад. Хушунат метавонад сарчашмаи бефарҳангӣ, дағалӣ, беэҳтиромӣ бошад.
Барои ба воя расонидани фарзандон нақши модар аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, агар дар зиндагонӣ хушунат нисбат ба зан ҷой дошта бошад, ба фарзандони ӯ таъсири манфӣ мерасонад ва фарзандони онҳо метавонанд таҳти хатари ҷиддӣ ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон ва ҳатто зери хавфи марг қарор гиранд. Ҳар як фард ба дахлнопазирии шахсияти худ, озодӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ба ҳаёт ҳуқуқ дорад, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест. Коршиносони соҳа таҳлил намудаанд, ки яке аз сабабҳои зӯроварии хонаводагӣ надоштани дониши ҳуқуқӣ ё аз ҷиҳати молӣ дастнигарӣ доштани занон ба мардон мебошад. Дар оила лату кӯб кардан, дод гуфтан, таҳқир кардан, рафтори дурушт намудан дар назди фарзандон, махсусан ноболиғон дар ахлоқи мо раво нест. Бинобар ин бунёди оиларо бо муҳаббати тарафайн сохтан лозим, то ки пойдору мустаҳкам бимонад. Чуноне ки халқ гуфтааст. «Биҳишти мард дар ин дунё оилаи хуб аст», яъне ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки дар зиндагии ҳамсарӣ шоду осуда зистан аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии одамон аст.
Таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди пешгирии зӯроварӣ дар оила мансуб мешаванд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занҳо бисёр нигарон аст ва чандин даҳсолаҳост, ки баҳри аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талошҳои рӯзафзун дорад, вале мутаассифона, хушунату зӯроварӣ ва таҳқири занҳо аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Бо ин ҳама талошҳо коршиносон омилҳои то ҳанӯз зуҳур кардани хушунату зӯровариро дар паст будани маърифати ҳуқуқии аксари занону мардон медонанд. Бино ба андешаи мутахассисон бисёриҳо намедонанд, ки зӯроварӣ дар оила рафтори ғайриқонунӣ аст. Таънаву таҳқир кардан, обрӯ ва эътибори касро паст задан, дашном додану ҳақорат кардан, бо овози баланд дағалона муносибат намудан, лату кӯб кардан, маҳдуд намудани муошират бо наздикону пайвандон, монеъ шудан барои идомаи таҳсил ва ё кор рафторҳое мебошанд, ки зӯроварӣ дар оиларо нишон медиҳанд.
Ба андешаи мо, нишони солимии ҷомеаи мутамаддин ин сатҳи арҷгузорӣ ба занону кӯдакон аст. Ҷомеае, ки ба зан — модар, зан — хоҳар, зан — ҳамсар арҷ намегузорад, рӯ ба таназзул хоҳад овард.
Ба андешаи равоншиносон дар ин самт пеш аз ҳама аъзои оила ва бахусус волидон бояд ба фарзандон намунаи ибрат бошанд. Зеро, агар ба таҳлилҳо назар дӯзем, зан аллакай аз овони кӯдакӣ ба зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар хонаи волидон падару бародарон, дар хонаи шавҳар қариб тамоми аъзои оила «хӯҷаини зан» ҳастанд. Шавҳар, хусуру хушдоман ва, ҳатто, хоҳару додари шавҳар арӯси хонаро ба зӯроварии ҷисмониву равонӣ рӯ ба рӯ мекунанд, ки мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ба ҷудошавии оилаҳо ва ё худкушии занон оварда мерасонад. Зане, ки хонавайронии хешро дар зӯроварӣ, хушунати пайваста аз ҷониби шавҳар ва пайвандон медонад, баъд аз таҳаммулҳои зиёд ба хулосае меояд, ки бояд сабру тоқат карданро бас кунад ва зиндагии хешро дигар созад.
Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвoи миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн муҳтарам Эмoмaлӣ Рaҳмoн дaр пaёми нaвбaтӣ бa Мaҷлиси Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн қaйд кaрдaнд, ки: «Рушди минбaъдaи ҷoмеa тaқoзo менaмoяд, ки бo мaқсaди тaнзими ҳaмaҷoнибaи мунoсибaтҳoи ҷaмъиятӣ қoнунҳoи aмaлкунaндa мунтaзaм тaкмил дoдa шaвaнд. Aз ин рӯ, бa субъектҳoи ҳуқуқэҷoдкунaндa, aз ҷумлa вaкилoни пaрлaмент зaрур aст, ки сифaти қoнунҳoи aмaлкунaндa вa бa сaтҳи рушди иқтисoдиву иҷтимoии кишвaр мутoбиқ будaни oнҳoрo мунтaзaм тaҳлил кaрдa, лoиҳaи сaнaдҳoи меъёрии ҳуқуқии бa тaлaбoти рӯз мувoфиқрo тaҳия нaмoянд».
Ин аст, ки муътадил инкишоф ёфтани муносибатҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун рукни муҳими ҷамъият имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои алоҳида нисбати масъалаи ҳифзи оила бахшида шудааст. Аз чунин муқаррароти конститутсионӣ бармеояд, ки оила аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи давлатӣ мавриди ҳифз қарор дода мешавад.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки: «Оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархурдор бошад».
Бояд тазаккур дод, ки барои ташаккули танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли 1998, №682 калон аст. Аз муҳтавои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум мегардад, ки вазифаи муқаррароти он на фақат танзими муносибатҳои оилавӣ, балки дар як маврид таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.
Давлат ҳимояи оиларо кафолат медиҳад. Аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирӣ аз зӯроварии оилавӣ» барои муҳофизат ва нигоҳ доштани оила равона шудааст.
Тибқи қонуни мазкур дар ҳолати муроҷиати якуми ҷабрдида нисбат ба зӯровар Амрномаи муҳофизатӣ аз ҷониби нозири минтақавӣ бароварда мешавад. Дар асоси ин Амрнома ҳуқуқҳои зӯровар маҳдуд карда шуда, кирдор ва рафторҳои ғайриқонунии ӯ манъ карда мешавад. Мутахассисон мегӯянд, ки тибқи ин қонун зӯровар ба мӯҳлати 15 шабонарӯз аз ҷониби нозири минтақавӣ ва намояндагони кумитаи маҳалла таҳти назорат гирифта мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани муқаррароти Амрнома ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 15 рӯз анҷом дода мешавад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари ҳолат занон аз болои зӯроварӣ нисбат ба худашон ба мақомоти дахлдор шикоят намебаранд. Сабаби ин омилро пеш аз ҳама метавон дар урфу одат ва табиати таҳаммулпазирии занон донист.
Дуруст аст, ки муносибати хонаводагӣ бояд дар ҳадди оила ҳаллу фасл шавад ва берун бурдани ҷанҷоли оилавиро аксаран дуруст намедонанд, аммо дар ҳоле, ки хушунат ва таҳқир ҳуқуқҳои як нафарро поймол мекунад, бояд ҳатман ба чунин амал чора андешид. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, талошҳои хамаҷонибаи мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ судманд мебошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони мавриди зӯроварӣ қароргирифта чандин маркази буҳронӣ амал мекунад, машваратҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро пешниҳод менамояд, ҷиҳати барҳам додани хушунат нисбат ба занон дар ҷамъият, расонидани кӯмаки амалӣ барои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ мусоидат мекунад. Баҳри кам кардани зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба занон самти баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқи занҳо баҳри пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ равона шудааст.
Бо ин мақсад гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуи ҳуқуқи зан дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани вохӯриҳои иттилоотӣ ва машваратҳои сайёр ба назар гирифта шудааст. Зимни ин машваратҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои занҳо маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ дода шуда, талош мешавад, ки маърифати ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад.