Без рубрики

Ба навзодон шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд

Нимаи дуюми рӯзи 15-уми ноябри соли 2024, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳия ба шӯъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии №1 ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо кормандони САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ ба 10 нафар навзодон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатнома дар бораи таваллуд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Раиси ноҳия зимни тақдими шаҳодатномаҳо ба модарони навзодон гуфт, ки Шумо хушбахттарин одамон ҳастед, зеро фарзандони Шумо дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омаданд, ки ин як фоли нек аст. Муқим Муродзода ҳамчунин, гуфт, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. «Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Ҳамчунин, Раиси ноҳия бо модарони кӯдакони навзод атрофи нақши оилаҳои солим дар ҷомеа ва ташкили оилаи намунавӣ сухан гуфта, аз муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигаҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон ва дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо изҳори ақида намуд.
Дар охир, Муқим Муродзода духтурон ва ҳамшираҳои шафқат сӯҳбат намуда, иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз заковати воло ва хиради азалӣ ба дастовардҳои арзишманд сазовор гардидааст. Истиқлоли давлатӣ ва суботи сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои миллию давлатӣ ва умумибашарӣ дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, солимии миллат, ободии Ватан ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид муҳайё гардад. Боиси сарфарозист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия бунгоҳу хонаҳои саломатии зиёде сохта ба истифода дода шуда, барномаҳои зиёди давлатӣ ҷиҳати ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, солимгардонии ҷомеа ва пешгирии бемориҳои гуногун амалӣ мегарданд. Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунинӣ тақвият ёфта истодааст.
Дар соли 2025 –гуфт, Раиси ноҳия, мо барои таъмири куллии Беморхонаи марказӣ талош хоҳем варзид, зеро Беморхонаи маркази ноҳия бояд яке аз беҳтарин беморхонаҳои ноҳия бошад.
и ещё 7
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button