Без рубрики

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 16.11.2024 дар бинои Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали Аҳрории маркази ноҳияи Айнӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Муқим Муродзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода, намояндагони мақомотҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, фаъолон ва дигар сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ гирифт.
Баъдан, Раиси ноҳия ба сухан баромада, ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла қайд кард:
Мансаби Президентӣ муқаррароти конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Аз ҷумла, меъёрҳои моддаи 67 Конститутсия пешбинӣ намояд, ки Президент пеш аз шурӯи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба Ватан баргашт. Аз ин ҷост, ки хизматҳои бузурги ӯро миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқҳои олам ҳуқуқу овози баробар дошта, ҳуввияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо, рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Зимнан, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори нозироти комплексии нозироти бехатарии саноат дар вилояти Суғд Умедҷон Сафарзода ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат дар самти таҳкими рукнҳои давлатдории навини Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тамоми нерӯ, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем.
Чорабинии идона бо консерти хушу хотирмони ҳунармандони Бахши фарҳанги ноҳия анҷом ёфт.
и ещё 14
Статистика и объявления

Продвигать публикацию
Нравится

Комментировать
Отправить
Поделиться

Leave a Reply

Back to top button