Без рубрики

   РАҲО КАРДӢ ВАТАНРО АЗ ПАРЕШОНӢ ТУ МЕАРЗӢ

  Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо, дар даврони Истиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши миллат ба шумор меравад. Он кишвари моро аз парокандагӣ, аз вартаи ҳалокат вораҳонд ва муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи таърихӣ ҷавонмарди хирадманду ҷасур ва халқпарасту ватандӯст-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард. Дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гашт. Мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик, хоса мардуми фарҳангдӯсту соҳибхиради ноҳияи Айнӣ бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  таҷлил менамоянд.

Баробари Истиқлол ба даст овардани Тоҷикистони азиз Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳад. Ҳамазмон дар барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ, саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт, таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, таъсиси корхонаҳои  саноатӣ, бунёди роҳҳо, нақбҳо ва рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иҷтимоиёт нақши муассири худро гузоштанд, ки ҳамаи мо аз дастовардҳои беназири Пешвои миллат тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста бохабар гардида истодаем.

Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин  дар як аз баромадҳояш чунин ибрози андеша намуда буд: –  “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад,  ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар”.

Қаҳрамони миллии Афғонистон, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дуст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузург, талошҳои созанда ва иқдомҳои пайваста дар роҳи рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ, ташаббусҳои глобалӣ, хизматҳои басо арзишманд дар тавсеаи ҳусни ҳамкорӣ, таъмини амният, сулҳу суботи ҷаҳонӣ, таҳкими дӯстии байни давлатҳову мардумон ва робитаҳои гуногунсоҳаи башардӯстӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷоизаву мукофотҳои як қатор давлатҳо ва созмонҳои умумиҷаҳониву байналмилалӣ, аз ҷумла бо медали “Барои хизмати шоён дар ҳифзи сарҳади давлатӣ”-и Федератсияи Русия (25 августи соли 1994), Ситораи тиллоии Алберт Швейсер (15 январи соли 2000), ҷоизаи байналмилалии “Сулҳ-99” (15 октябри соли 1999), Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пётри Кабир (20 марти соли 2002), Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи “Сарпарастони аср”-Ордени нахустини алмосдори “Ситораи сарпараст” (29-марти соли 2005), Ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд” (27 апрели соли 2005), Медали тиллоии “Барои таҳкими сулҳу ризоияти байни мардумон” (25 июни соли 2005), Медали тиллоии давлати Миср (5 феврали соли 2007), Ситораи ёқути сурх “Миротворец” (Сулҳовар)-и Иттиҳодияи умумиҷаҳонии хайрияи “Миротворец”  мушарраф гардидаанд.

Ҳамзамон, 25 июни соли 2007 Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (5 октябри соли 2007), дараҷаи 1-и Ордени княз Ярослави Ҳакими Украина (3 декабри соли 2008), Ордени “3 Ситора дараҷаи 1” бо занҷираи зарини Латвия (11 июли соли 2009), Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола” (23 марти соли 2010), Мукофоти олии давлатӣ – Нишони Покистон (8 марти соли 2011), Ордени байналмилалии “Моҳи нав ва ситора” (19 майи соли 2011), Медал ва шаҳодатномаи Шӯрои Аврупо – “Пешвои асри ХХI” (17 августи соли 2011), мукофоти олии давлатии Украина – Орден “Барои хизматҳо” дараҷаи 1 (15 ноябри соли 2011), мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени “Ҳайдар Алиев” (12 июли соли 2012), Ордени Президенти Туркманистон “Битараплик” (Бетарафӣ) (23 августи соли 2012), мукофоти Давлати Кувайт Ордени “Муборак Алкабир” (23 июни соли 2013), мукофоти давлатии Баҳрайн “Ал-Қилод ал-Халифӣ” (Ордени подшоҳӣ) (28 майи соли 2014), мукофоти олии Федератсияи Русия – Ордени “Александр Невский” (27 феврали соли 2017), мукофоти давлатии Қазоқистон – Ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) (14 марти соли 2018), мукофоти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Ордени “Эл Юрт Ҳурматӣ” (17 августи соли 2018), “Нишони фахрӣ”-и сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (4 октябри соли 2022), Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) (31 октябри соли 2022), ордени “АЛТИН ҚИРОН”-и Ҷумҳурии Қазоқистон (04.05.2023), ордени “Барои хизмат дар назди Ватан”-и Федератсияи Русия (21.11.2023), ордени “Дуслик” (Дӯстӣ)-и Ҷумҳурии Тотористон (22.02.2024), ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин (5.07.2024) ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонида шудаанд. Дар бораи Пешвои миллат ҳама шоирону нависандагону мадеҳагӯён меҳрномаи худро баён намудаанд, ки лоиқу арзандааанд.

Матлаби мавридиназарро мисраҳои шеърии шоири ҷавону нуқтасанҷ Родмеҳр Сулайнӣ рангину мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳад.

Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнаби аммо,
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ ту меарзӣ.

Чи дар дохил чи дар хориҷ сиёсатмарди доноӣ,
Кунӣ ҳар мушкилеро ҳал ба осонӣ ту меарзӣ.

Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,
Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ,

Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ ту меарзӣ.

Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,
Ба кишвар худ кафили сулҳхоҳонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ
Расидан пойи бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ

Низомӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,
Ба худ инро шуморад қарзи виҷдонӣ, ту меарзӣ

Қасам хӯрдӣ ба шири модарат: «Ман сулҳ меорам!»,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.

Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,
Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ.

Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,
Бар ҳар дарде, ки дорад халқ, дармонӣ, ту меарзӣ.

Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои тира шуд равшан,
Худододӣ, чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.

Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.

Зи ҷаҳдат ҷашни Наврӯзӣ Аҷам рӯи ҷаҳон бигрифт,
Русуми рафтаро эҳё бигардонӣ, ту меарзӣ.

Баробар рӯзу шаб гардад зи пайки нусрати Наврӯз,
Шурӯи кишт созӣ, дона афшонӣ, ту меарзӣ.

Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,
Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.

Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд шуҳрат,
Зи сидқ эҳёгари ин қаҳрамононӣ, ту меарзӣ…

Дубора ошно карда ба мардум шеъри Мавлоно,
Чу Мавлоно сухансанҷу сухандонӣ, ту меарзӣ.

Дар ин хоке, ки сармову зимистон ҳокимият дошт,
Баҳори гулфишон овардаӣ моро ту меарзӣ.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и н.Айнӣ

Leave a Reply

Back to top button