Субҳи имрӯз, 15-уми ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода шанбегии дастаҷамъона ташкил ва гузаронида шуд. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бештар ба тоза кардани гирду атрофи роҳҳои мошингузар, аз ҷумла Шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ ва Душанбе Самарқанд ҷалб гардиданд.
Мақсад аз доир намудани чунин шанбегиҳо ин баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Дар рафти шанбегӣ Раиси ноҳия Муқим Муродзода гуфт, ки маърифати экологӣ– ин раванди таълим аст, ки мақсади он аз маърифати экологӣ баҳравар намудан, дар руҳияи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян намудани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат иборат мебошад. Масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ пешниҳод мегарданд, таъкид мешаванд. Чунончи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 масъалаи баланд бардоштани маърифати экологии аҳолиро ба миён гузошта, чунин таъкид намуданд:
«Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар намудану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем».
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём аз 28 декабри соли 2023 ба масоили вазъи экологии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш доданд, ки Барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии ҷумҳуриро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Қабул ва дар амал татбиқ намудани чунин барномаи дарозмуҳлат муҳим буда, имконият фароҳам месозад, ки гӯшаву канори мамлакат, хусусан пойтахти Ватани азизамон- шаҳри Душанбе сабзу гулпӯш ва хурраму зебо гардонида шуда, дар умум ба таъмини амнияти экологии мамлакат мусоидат намояд.
Баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ба хотири ҳифзи муҳити табиӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, самарнок истифода бурдани табиат ва дӯст доштани он зарур мебошад. Мутаассифона, баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба тозагиву озодагӣ беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, партовҳоро ба ҳар ҷо мепартоянд, ҳамчунин ҳангоме, ки савори нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд, партовҳоро дохили онҳо ва ё ба берун мепартоянд, ки ин кирдорашон аз одобу ахлоқи ғайри ҳамида ва дар сатҳи паст қарор доштани маърифати экологии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки гуфт Раиси ноҳия ҳар яки мо мамлакатамонро мисли хонаву кошонаи худ тозаву озода нигоҳ ва дӯст дорем, зеро Тоҷикистони азиз хонаи ҳар яки мо мебошад.
Дар доираи рӯзи шанбегӣ, ки дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ҳамчунин, мардуми зиёде барои таъмиру азнавсозӣ ҳидоят карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки Раиси ноҳия ба хотири дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста сокинони ноҳияро барои ободу зебо гардонидани диёри худ ҳидоят менамояд. Ин аст, ки имрӯз сокинони ноҳия бо дасту дили гарм барои ободонии ҳар як гӯшаи деҳи худ ҷаҳду талош менамоянд.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бо мароми хоса раванд гирифта истода, ҳар рӯз аз дирӯз беҳтару мардум барои ба зиндагии шоиста мутобиқ намудани ватани худ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Раиси ноҳия масъулони шаҳраку деҳоти ноҳияро барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ муваззаф намуда, таъкид кард, ки мо бояд 35-солагии ҷашни бошукӯҳи миллӣ -35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои воқеан ҳам арзанда бояд истиқбол гирем.
и ещё 63
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
Нравится
Комментировать
Отправить
Поделиться