Без рубрики

Машварати корӣ

14-уми ноябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.
Дар машварат, ки бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Раиси ноҳияи Айнӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷараён гирифт, роҳбари Дастгоҳи Раиси ноҳия Муҳаммадҷон Абдулзоа таъкид дошт, ки масъулини дахлдор барои татбиқи амалӣ ва босамари дастуру супоришҳо, ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаю барномаҳои асосноку ҳадафманд таҳия карда, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.
Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вазифадор шуданд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мушкилоти вобаста ба истифодаи ҳамаҷонибаи имконияту захираҳои мавҷударо бартараф карда, ба ин васила барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Дар охири кори машварат Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Муҳаммадҷон Абдулзода бори дигар таваҷҷуҳи масъулонро ба масъалаи иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои шоиста сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб карда, бо итминон иброз дошт, ки шахсони масъул ва фаъолон бо азму талоши созанда барои амалисозии ҳадафҳои бобарор талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
и ещё 12

Leave a Reply

Back to top button