Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28-уми декабри соди 2023 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” соли 2024 -ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ диққати асосӣ дода, пайваста тадбирҳои созандаро анҷом медиҳанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз масъалаи асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба ин раванд таваҷҷӯҳи махсус равона шудааст.
Бояд гуфт, ки шахсе ҳуқуқу уҳдадориҳои худро истифодаю ҳимоя карда метавонад, дар зиндагиву самти фаъолият ба мушкилӣ дучор намегардад. Аммо бештари шаҳрвандони мо боб ва моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ накарда, ба ҳар гуна қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд. Хоса, падару модарон ҳуқуқу озодиҳои фарзандони худро поймол намуда, онҳоро аз идомаи таҳсил маҳрум менамоянд, ки чунин муносибат дар таълиму тарбия ва инкишофи фарзандон таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин, бархе аз ҷавонони ноогоҳ аз ҳуқуқу уҳдадориҳо майл ба шабакаҳои иҷтимоӣ намуда, таваҷҷӯҳ ба равияву ақидаҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯй ва фарҳангӣ бегона намуда, худ ва наздиконро ба доми бало меафкананд.
Эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” айни муддаост, зеро шаҳрвандон муваззаф мегарданд, ки Қонунгузории кишвар ва озодиҳои худро омӯхта, зиндагии шоистаро пешаи худ намоянд. Дар ҳолати паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ, таъмини низому тартибот, ташаккули фарди комилу ватандӯст ва бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ғайриимкон аст. Мавриди зикри хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад.
Аз ин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд ва итоат ба қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: “Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!”.
Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст. Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Пас, ҳар яки мо, мардуми сарбаланду соҳибхиради ноҳияро месазад дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳм гузошта, дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон нақши муассир гузорем.
Солеҳбой ҚОБИЛОВ
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и н.Айнӣ